Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, забон яке аз омилҳои асосӣ дар ҳаёти ҷамъият мебошад. Бе забон фаъолияти якҷояи меҳнатии одамон, ки асоси ҷамъият мебошад, мумкин нест. Пас бе забон ҷамъият вуҷуд надорад. Бе забон таҷриба, дониш ва маданиятро аз насл ба насли дигар додан мумкин нест, пас тараққиёти ҷамъият ҳам намешавад. Саҳми забон дар ташаккули миллат хеле барҷаста ҳис карда мешавад, чунки яке аз аломатҳои миллат забон аст. Вазифаи ҷамъиятии забон хеле гуногун аст. Яке асосӣ бошад, дигарҳояш ёрирасон, дуюмдараҷа мебошад. Забон на танҳо воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон, олоти ифодаи тафаккур, хазинаи таҷрибаи ғункардаи ҷамъият ва натиҷаи дарки ҳастӣ, балки воситаи муҳимтарини таъсиррасонӣ ба омма мебошад.
Фарқи забон аз дигар ҳодисаҳои ҷамъиятӣ он аст, ки вай ба ҷамъият дар тамоми фаъолияти гуногунсоҳааш хизмат мекунад.
Назарияи забоншиносии шуравӣ дар асоси анъанаи забоншиносии пешина, махсусан консепсияҳои А.А.
Потебня, Ф.Ф.Фортунатов, А.М. Пешковский, Д.Н.Ушаков, А.А. Шахматов, Бодуэн де Куртенэ, В.А.Богородитский, Е.Д.Поливанов, Л.В.Шерба ва дигарон инкишоф меёбад.
Николай Яковлевич Марр (1864-1934) соли 1884 ба факултети шарқшиносии Университети Петербург дохил шуда, ба омӯзиши забонҳои гурҷӣ, арманӣ, кавказӣ ва сомӣ машғул мешавад. Соли 1901 профессори ҳамин университет мешавад ва соли 1912 академик интихоб мегардад. Баъди Инқилоби Октябр Марр ба аз нав дида баромадани масъалаҳои назариявии забоншиносӣ ва омӯзиши забонҳои ғайриҳиндуаврупоии ИҶШС машғул мешавад.
Н.Марр нишонаҳои забони ғолиби кавказро дар забони арманӣ (ҳиндуаврупоӣ) мушоҳида карда, ба он яфетӣ ном медиҳад. Вай ба масъалаи омезиш диққати ҷиддӣ дода, баъдтар унсурҳои яфетиро дар тамоми забонҳои дунё ҷустуҷӯ мекардагӣ шуд.

пешина
аз 210
навбатӣ