Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эронпарастон бошанд, маданияту адабиёти тоҷикро форсии эронӣ ва забони тоҷикиро «Як лаҳҷаи вайроншудаи забони форсӣ» қаламдод намуда, мегуфтанд, ки тоҷикон забони адабӣ надоранд.
Устод С.Айнӣ бо мақолаҳои зиёд ва махсусан асари худ «Намунаи адабиёти тоҷик» ин фикрро тасдиқ кард ва ба даҳони иғвогарон муҳри хомӯшӣ зад. Талаби аввалине, ки сохти нави шуравӣ дар назди ҳамаи халқҳову миллатҳо гузошт, ҳарчи зудтар саводнок кардани аҳолӣ буд.
Барои ин вазифаро зудтар амалӣ намудан алифбои нисбатан осоне лозим буд, ки тамоми савтиёти забони тоҷикиро инъикос намояд. Баҳсу мунозираи аввал доир ба ин гуна алифбо нигаронида шуда буд. Аксари иштироккунандагони мубоҳиса ба чунин хулоса омаданд, ки хати арабӣ бинобар номувофиқӣ ба хосияти савтиёти забони тоҷикӣ, сераломатию мураккабӣ талаб ва эҳтиёҷоти ҳаёти навро пурра қонеъ кунонида наметавонад. Устод С.Айнӣ ҳам дар мақолаи худ «Дунёи нав ва алифбои нав»
(1927) иваз намудани алифборо зарур мешуморад. Гурӯҳи муқобил таъкид мекарданд, ки табдили алифбои араб боиси қатъи алоқа бо мероси гузашта шуда, баробари ин робитаи мардуми тоҷикро бо ҳамзабонони хориҷӣ аз байн мебарад.
Ҳаминро бояд қайд кард, ки ҳама гуна хат аломати шартӣ аст. Кадом хат овозҳои забонро пурра инъикос карда тавонад, ҳамон хатро қабул кардан беҳтар мебошад.
Мутахассисон дарёфтанд, ки алифбои кириллӣ пурра овозҳои забони тоҷикиро инъикос карда метавонад, бинобар он соли 1940 тоҷикон ин хатро пазируфтанд.
Дар ин давра байни равшанфикрон дар атрофи забони адабии нав низ баҳсу мунозираҳо мерафт. Дар ин масъала ҳам аҳли мубоҳиса ба ду гурӯҳи ба ҳам зид ҷудо шуда буданд.

пешина
аз 210
навбатӣ