МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Гурӯҳи якум таклиф карда буданд, ки забони матбуоти форсии Эрон ҳамчун асоси забони адабии миллии тоҷик қабул карда шавад. Барои ин пешниҳод ду далел доштанд:
Якум, забони форсӣ барои ҳамаи форсизабонон забони умумӣ мебошад, дуюм, бо ин роҳ тоҷикон ҳамчун халқи озод ба ҳамсоягони мазлуми худ таъсири мусбат расонида, вазифаи байнамилалии худро бошарафона иҷро мекунанд.
Гурӯҳи дигар мегуфтанд, ки ба асос бояд забони умумихалқии тоҷикӣ гузошта шавад, чунки забони муосири форсӣ барои ҳамаи форсизабонон (Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон) умумӣ нест. Забони рӯзномаҳои дар ин мамлакатҳо бароянда пур аз калимаҳои архаистӣ ва арабиҳои ғайримаъруф аст. Навиштаҳои онҳоро ҳатто бисёр зиёиёни саводи миёнадошта ҳам фаҳмида наметавонанд. Устод С.Айнӣ тарафдори фикри дуюм буд ва таъкид мекард, ки забони форсии имрӯза аз забони халқ хеле дур шудааст, қариб 60-70 фоизи онро калима ва таъбирҳои арабӣ ташкил медиҳанд. Абдулвоҳиди Мунзим ҳам ҳамфикри устод С.Айнӣ буд. Ҳамфикрони устод С.Айнӣ умумият ва ягонагии таърихии забонҳои тоҷикию форсиро қайд мекарданд, вале таъкид менамуданд, ки дар ҷараёни инкишофи таърихӣ онҳо ба шохаҳои алоҳида ва забони мустақил тақсим шудаанд.
Гурӯҳи дигар бар зидди инҳо баромада таъкид мекарданд, ки забони адабии тоҷик буд ва ҳаст, вале бо таъсири ҷараёнҳои гуногун тадриҷан мураккаб шуда, аз асоси худ каме дур рафтааст, бо ислоҳи баъзе ҷиҳатҳои он, хусусан тарзи ифодаи пуророиш ва соқит кардани унсурҳои архаистӣ ва пур кардани ҷойи онҳо аз ҳисоби забони зинда ба талаби замон мувофиқ кунонидани он лозим аст.
Хулоса, анҷумани илмии лингвистӣ дар таъин кардани асос ва сарчашмаи ташаккули забони адабии миллии тоҷик роли калон бозид. Дар ин солҳо навиштан ва таълифи китобҳои дарсӣ аз забони тоҷикӣ сар мешавад. Он китобҳо хеле оддӣ ва содда буданд, ҳамаи масъалаҳои сарфу наҳвро дар бар намегирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё