МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Китобҳои аввалин ба қалами С.Ализода, Б. Ҳоҷизода, Ҳ. Бақозода, Т.Зеҳнӣ, А.М.Белинитский, Л. Бузургзода, А.Мирзоев тааллуқ дошта бошанд, баъдтар дар таълифи он Б.Ниёзмуҳаммадов, Ш.Ниёзӣ, Н.Маъсумӣ, А.Каримов, Ш.Рустамов, М.Н.
Қосимова, Б. Камолиддинов ва диг. саҳм гузоштаанд.
Китоби дарсии забони тоҷикӣ барои донишҷӯён бори аввал бо номи «Грамматикаи забони тоҷикӣ» соли 1956 (фонетикаву морфология) ва соли 1963 (синтаксис) дар таҳрири Б. Ниёзмуҳаммадов, Ш. Ниёзӣ, Д. Тоҷиев, М.
Исматуллоев чоп мешавад. Дар нашрҳои минбаъдаи он Ш.
Рустамов низ фаъолона иштирок мекунад.
Омӯзиши ҳаматарафаи масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ аз солҳои панҷоҳум сар мешавад. Дар ин давра баробари тадқиқоти масъалаҳои гуногуни лексика, фонетика, морфологияву синтаксис ва маданияти нутқ ба омӯзиши забони асарҳои адибони ҷудогона, масъалаҳои гуногуни таърихи забон ва инчунин омӯзиши шеваҳои забони тоҷикӣ машғул мешаванд. Ҳоло доир ба масъалаҳои мухталифи забоншиносии тоҷик асару монографияҳои зиёде нашр шудаанд. Ҳамаи ин имконият дод, ки грамматикаи илмӣ бо номи («Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» иборат аз се ҷилд) навишта шавад.
Бахши лексикология. Ин қисмати забоншиносӣ масъалаҳои хеле гуногунро дар бар мегирад. Калима маркази илми забон мебошад, вай, аз як тараф, бо овозҳо, фонемаҳо ва морфемаҳо ва аз тарафи дигар, бо таркибу ибора ва ҷумлаҳо алоқаи зич дорад. Калима воҳиди тағйирёбандатарини забон аст, зеро баробари тағйиру инкишофи ҷамъият вай ҳам тағйир меёбад ва ҳама гуна дигаргунии ҳаёти ҷамъиятро дар худ инъикос мекунад.
Забоншиносони тоҷик дар солҳои панҷоҳ ва шастуми асри ХХ ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, онро мавриди омӯзиши худ қарор додаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё