Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаққиқони ин тадқиқотҳо забоншиносони шинохта ва маъруф Н. Маъсумӣ, Р. Ғаффоров, Б. Камолиддинов ва Х. Ҳусейнов мебошанд. Саҳми профессорон Б.
Камолиддинов ва Р. Ғаффоров дар омӯзиши услубҳои забон ва маданияти нутқ ниҳоят бузург аст.
Олимони тоҷик ба тадқиқи ҷиҳатҳои ҷудогонаи забонӣ, яъне хусусиятҳои лексикӣ, грамматикӣ ва ё забонии асарҳои адибони классик низ машғул шудаанд.
Хусусиятҳои лексикии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Таърихи Бадахшон», «Кашф-ал-маҳҷуб», лексикаи ҳарбии «Шоҳнома» ва ҷиҳатҳои грамматикию забонии «Қобуснома», «Асрорут-тавҳид», «Таърихи салотини манғития», «Маҷмуъ-ат-таворих» мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд.
Мавзуи тадқиқи баъзе забоншиносон масъалаҳои умумӣ, ҷудогона ва ё омӯзиши ин ё он забони давраи қадим ё миёнаи форсӣ-тоҷикӣ мебошад. Масъалаҳои синтаксиси ҷумлаҳои соддаи асри ХІ, феъл дар забони асрҳои Х-ХІ, тафсири лингвистии матнҳои форсии давраи миёна, пешояндҳои аслӣ дар забони форсии давраи миёна, хрестоматияи забони паҳлавӣ, мавқеи пайвандакҳо дар забони адабии классикӣ аз ҳамин қабиланд. Дар омӯзиши ин масъалаҳо саҳми олимон М.Н.Қосимова ва Д.Саймиддинов калон аст.
Бахши муқоисаи забонҳо. Ба таври муқоиса омӯхтани забонҳо яке аз методҳои санҷидашуда дар илми забоншиносӣ мебошад. Дар ҳолати бо ин роҳ тадқиқ намудани забонҳо ҷиҳатҳои умумӣ ва хусусиятҳои хоси ҳар як забон ошкор мегардад. Бо ин роҳ ягон қисмат ва ё тамоми ҷиҳатҳои забон ба таври муқоиса омӯхта мешавад.

пешина
аз 210
навбатӣ