МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Забоншиносони тоҷик ҳам аз ин тарзу усули омӯзиш васеъ истифода намудаанд Асосан ягон масъалаи мушаххаси забонӣ бо ин усул омӯхта шудааст. Бо ин усул омӯхтани забон дар забоншиносии тоҷик асосан аз солҳои ҳафтодуми асри ХХ сар шудааст. Ин тарзи омӯзиш асосан дар навиштани рисолаҳои номзадиву докторӣ истифода шудааст. Бештар мавзуъҳои ҷудогонаи забони тоҷикӣ бо забони англисӣ дар муқоиса омӯхта шудааст. Ин дар омӯзиши ҳиссаи нутқи феъл, сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ, намудҳои феъл, ибораи изофӣ, категорияи шумора дар исм, муайянкунанда, пешояндҳо, ҳол, лексикаи ситорашиносӣ, артикли «е», тартиби калима, ибораҳои фразеологӣ, вокализмҳо, ҷумлаҳои содда мушоҳида мешавад.
Мавзуъҳои калимаҳои модалию ҳиссачаҳо, сифат, сиғаи хабарӣ, системаи феъл, воситаҳои лексикӣ ва грамматикии миқдор, алоқаи тобеъ, пешояндҳои тоҷикӣ бо русӣ дар муқоиса омӯхта шудаанд. Сифати феълию ҷонишин бо забони немисӣ ва артиклу калимасозии суффиксҳо бо забони форсӣ дар муқоиса омӯхта шудаанд. Дар ин бахш саҳми олимони шинохта М.Б.Шаҳобова, П.Ҷамшедов ва И.Б.Мошеев хеле назаррас аст. Бахши омӯзиши забонҳои помирӣ. Омӯзиши забонҳои помирӣ як қисмати илми забоншиносии тоҷик мебошад. Ба забонҳои помирӣ забонҳои рӯшонӣ, бартангӣ, вахонӣ, шуғнӣ, язғуломӣ, рошорӣ, ишкошимӣ, сарикӯлӣ дохил мешавад. Забонҳои помирӣ ҳам ба таври мавзуъҳои рисолаҳои номзадиву фокторӣ ва ҳам ба тариқӣ тадқиқотҳои ҷудогонаи илмӣ омӯхта шудаанд. Доир ба ин забонҳо мақолаву асарҳои зиёде ба табъ расидаанд. Ин забонҳо ба таври умумӣ ва ё ҷиҳатҳои ҷудогонаи онҳо – системаи овозҳо, ҳиссаҳои нутқ, ҷумла ва аъзоҳои он хусусиятҳои лексикиву фразеологӣ, топонимика ва микротопонимика, антропонимҳо, лаҳҷаи баъзе аз ин забонҳо, муқоисаи забони тоҷикиву забонҳои помирӣ ва масъалаҳои гуногуни дигар тадқиқ гардидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё