Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз забоншиносони шинохтаи тоҷик Д.Карамшоев, Р.Х.Додхудоев, М.Файзов дар тадқиқи ин забонҳо ҳиссаи калон гузоштаанд.
Бахши шевашиносӣ. Шева як шохаи забони умумихалқӣ буда, бо асоси худ – забони адабии миллӣ алоқаи зич дорад. Яке аз сарчашмаҳои бой гардидани таркиби луғавии забон ин маводи шеваҳост. Муҳаққиқони тоҷик ба ин қисмати илми забоншиносӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудаанд. Илми забоншиносии тоҷик бо омӯхтани шеваҳо сар шудааст. Дар ин кор тоҷикшиносони рус – В.С.Расторгуева, А.З.Розенфелд, Р.Л.Немонова, А.В.Успенская, А.Л.Хромов саҳми калон доранд.
Гуфтугӯи мардуми аксари маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ мавриди омӯзишу тадқиқ қарор гирифтааст. Забоншиносон шеваи тоҷикони маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон, аз қабили шеваи тоҷикони Андиҷон, Чуст, шеваҳои Боғистон, Нанай, Бақсуқ, Бӯстонлиқ ва Бирчмуллои вилояти Тошканд, Бухоро, Самарқанд, Фориш, Китоб, Ургут, Шаҳрисабз, Бойсун ва Ҳардуриро низ тадқиқ намудаанд. Доир ба шеваҳо маводи ниҳоят зиёд ба табъ расидааст. Сазовори заи давлатии ба номи Ибни Сино гардидаи «Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» (5 ҷилд) нишонаи пешрафти ин соҳаи илми забоншиносии тоҷик мебошад.

Супоришот:
1.Навиштани реферат доир ба асарҳои олимони забоншиноси тоҷик дар давраи шуравӣ; 2. Реферат дар мавзуи “Саҳми олимони рус дар забоншиносии тоҷик”.

пешина
аз 210
навбатӣ