МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Сеюм, илми забон аз рӯйи хусусияти иҷтимоиаш ба забони адабӣ, шева, таълимот доир ба услубҳои забон, забони асари бадеӣ ва илмӣ ҷудо мешавад.
Чорум, вобаста ба ҷараёну мактабу методҳо лингвистика ба забоншиносии муқоисавӣ- таърихӣ, тасвирӣ, структурӣ, дескриптивӣ, этнолингвистика, психолингвистика, фонетикаи таҷрибавӣ тақсим мешавад.
Бояд қайд кард, ки ин гуна тақсимот ба ҳамаи забонҳо мувофиқат кунад ҳам, дар мамлакатҳои гуногун мувофиқи равияи забоншиносии худ ба таври ба худ хос тақсиму таҳлил намудани лингвистика мушоҳида шуданаш мумкин аст. Дар забоншиносии шуравӣ лингвистикаро ба қисматҳои фонетика, фонология, лексикология, семасиология, фразеология, калимасозӣ, морфология, синтаксис ва услубшиносӣ ҷудо мекунанд.
Забон ва нутқ. Муносибати забону нутқ яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии на танҳо забони ҷудогона, балки умуман забон мебошад. Дар айни замон аксари забоншиносон фарқи онҳоро эътироф кунанд ҳам, фикри ягона доир ба фарқи онҳо дида намешавад.
Соссюр забону нутқро ду тарафи фаъолияти нутқкунӣ шуморида буд. Забон, ба фикри ӯ, ҷиҳати иҷтимоӣ ва психикии фаъолияти нутқкунӣ бошад, нутқ ҷиҳати фардӣ ва психофизикии он мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши онҳоро ба ду илми мустақил ҷудо карда буд.
Ҳумболдт забонро фаъолият медонист, вале, мутаассифона, ӯ ҳанӯз олоти фаъолият будани забонро намефаҳмид. Соссюр бошад, забонро чун олоти фаъолият медонист ва аз ин ҷиҳат аз Ҳумболдт як қадам пеш меистод.
Ақидаи Шерба низ ба гуфтаҳои Соссюр наздик аст. Агар Соссюр фаъолияти нутқкунӣ, забон ва нутқро фарқ кунад, Шерба онро ба фаъолияти нутқкунӣ, системаи забон (нутқ), материали забон (забон) ҷудо мекунад, яъне фарқ асосан дар истилоҳ мебошад. Профессор Смирнитский А.И.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё