МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Албатта, роли забон дар пайдоиш ва ташаккули фикр хеле калон аст.
Вазифаи аввалин ва асосии забон иштироки он дар ташаккули фикр мебошад. Тафаккур ҳамчун инъикоси ҷамъбасткунандаи ҳастӣ дар шуур ҳамеша ба калимаю ҷумла мӯҳтоҷ мебошад, зеро бе калимаю ҷумла на муҳокима, на хулосабарорӣ ва на мафҳум ба амал меояд.
Вазифаи дигари забон азнавбарқароркунии фикри хонандаю шунаванда аз рӯйи чизи хонда ва шунидааш мебошад. Ҳамин тариқ, забон дар ташаккул, ифода ва азнавбарқароркунии фикр роли муҳим бозида, ба инсон имкон медиҳад, ки ҳастиро (ҷаҳонро) пурра ва чуқур донад, дар бораи он маълумоти пурра ва дуруст гирад. Дар ин ҳолат забон чун воситаи дарккунӣ хизмат мекунад.
Роли тафаккур ҳам дар забон ва инкишофи он кам нест.
Вале ин масъала то ҳол ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст. Ҳоло диққати лингвистҳо, психологҳо, физиологҳо, философҳо ва мантиқшиносон ба ин масъалаи муҳим нигаронида шудааст.
Забон ва ҷамъият
Забон бо ҷамъият, бо соҳибони худ алоқаи зич дорад, зеро вай ба туфайли ҷамъият вуҷуд дорад. Ҷамъият ҳам бе забон вуҷуд надорад, яъне ҷамъияти безабон намешавад.
Забону ҷамъият дар як вақт ба амал омадаанд ва яке аз омилҳои пайдоиши инсон ба шумор мераванд.
Муносибати забону ҷамъият яке аз масъалаҳои мураккаб ва гуногунпаҳлуи илми забоншиносӣ мебошад. Ин мавзуъ масъалаҳои гуногунро дар бар мегирад. Ба он масъалаҳои табиат ва моҳияти иҷтимоии забони инсоният, сабабҳои ҷамъиятии пайдоиш ва инкишофи забон, забон ва шаклҳои умумияти таърихии одамон, сабабҳои иҷтимоии ташаккули забони адабӣ ва меъёри он, сабаби иҷтимоии фарқи структурии забонҳо, функсияҳои услубҳои забон, таъсири шууронаю мақсадноки ҷамъият ба забон, вобастагии ҷамъият аз забон ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё