МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Аз рӯйи табиати худ забон иҷтимоӣ мебошад. Ба ин ҳам вазифа, ҳам рол ва ҳам талабот ба он шаҳодат медиҳад.
Аксари забоншиносон ба ҷамъият чун воситаи алоқа хизмат намудани забонро нишон медиҳанд. Ҳатто забоншиносони идеалист ва философҳо аз қабили Ҳумболдт, Гегел, Сепир ва Уорф ба ҷамъият чун воситаи муносибат хизмат кардани забонро қайд кардаанд.
Забон ва фаъолияти нутқкунӣ. Забонро бе фаъолияти нутқкунӣ тасаввур кардан мумкин нест, зеро он дар натиҷаи нутқ такмил меёбад, тараққӣ мекунад. Забон натиҷаи фаъолияти нутқкунии одамон мебошад. Фаъолияти нутқкунӣ ду ҷиҳат дорад: а) индивидуалӣ-психикӣ ва б) объективӣ-иҷтимоӣ. Фаъолияти нутқкунӣ пеш аз ҳама муносибати одамон бо ҳамдигар ба воситаи забон мебошад ё ки амали (акти) коммуникативист. Ин амалиёт бештар дар шакли диалог ба амал меояд. Амалиёти нутқ ва қобилияти забондонии гӯянда хусусияти психофизикӣ дорад, вале ин нишонаи индивидуалӣ будани фаъолияти нутқкуниро намефаҳмонад, зеро вай моҳиятан ҷамъиятӣ аст. Забон унсури асосии нутқкунист. Нутқ структураи муайян дорад, ки вай хоси ҷамъият мебошад. Одамон барои сухандонии худро нишон додан ва ё забонро аз нав барқарор кардан не, балки барои ифодаи ахбори ғайризабонӣ гап мезананд.
Онҳо воситаҳои забониро барои ифодаи фикр, ҳиссиёт истифода мебаранд ва баробари ин ба шаклу тарзҳои ифода низ диққат медиҳанд.
Дузабонӣ низ ҳодисаи психофизикӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Робитаҳои забонӣ, омезиши забонҳо ва муносибати забонҳо яке аз шартҳои инкишофи забонҳо мебошад. Дузабонӣ (билингвизм) яке аз шаклҳои инкишофи забонҳо дар забоншиносии назариявӣ муҳимро ишғол мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё