Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дараҷаи азхудкунии забонҳо гуногун мешавад, дараҷаи олии он забони дуюмро забони модарӣ донистани (шуморидани) гӯянда мебошад. Билингвизм калимаи лотинӣ буда, аз ду ҷузъ –би (ду) ва лингуа (забон) таркиб ёфтааст ва маънояш дузабонӣ мебошад. Агар шахси ҷудогона ду забонро донад, билингвизми индивидуалӣ ва агар гурӯҳи одамон бо ду забон гап зананд, билингвизми умумӣ меноманд.
Дузабонӣ ба ҳамаи давраҳо хос бошад ҳам, дар давраи Эҳё инкишоф меёбад, зеро дар ин давра забонҳои нав ба нав маълум мешаванд ва инчунин баъзе забонҳои адабӣ-китобӣ функсияҳои махсусро (ба ҷо овардани ибодат, корҳои давлатӣ, фаъолияти илмӣ ва ғ.) адо менамуданд. Ин забонҳо вазифаи байналмилалиро адо менамуданд. Дар Шарқ забонҳои арабӣ, форсӣ ва хитоӣ, дар Европа лотинӣ, дар як қатор халқҳои славян славянии динӣ (церковнославянский) ҳамин гуна вазифа доштанд. Дар аввалҳо дузабонӣ маҳдудияти иҷтимоӣ дошт, зеро баъзе намояндагони синфҳои доро, инчунин намояндагони дигар, дипломатҳо, олимон ду забонро медонистанду халос.
Дузабонӣ бо сабабҳои гуногун ва ё бо мақсади муайян ба амал меояд. Пеш аз ҳама дузабонӣ дар мамлакатҳое ба амал меояд, ки давлати сермиллатанд. Дар ин гуна давлатҳо халқҳо ва ё миллатҳои гуногун баробари забони модарии худ забони дуюмро низ аз худ мекунанд ва он забон одатан забони муоширати байни халқҳои гуногун мегардад. Дар Америка ҳамин вазифаро забони англисӣ адо кунад, дар замони шуравӣ дар ИҶШС (СССР) забони русӣ ҳамин вазифаро ба ҷо меовард.
Дузабонӣ дар замони мо шакли умумӣ гирифтааст. Ин ҳодисаро дар байни халқҳои Америкаи лотинӣ, дар Белгия, Швейтсария, Англия, Франсия, Америка, Ҳиндустон, мамлакатҳои араб мушоҳида кардан мумкин аст. Дузабонӣ ба мамлакати советӣ низ хос буд.

пешина
аз 210
навбатӣ