Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Забон барои адабиёт на танҳо воситаи ифода (мисли илм), балки маводест, ки бо тарзи махсус баён ва ифода мегардад.
Дар асарҳои бадеӣ образҳо ва маънои маҷозии калимаҳо васеъ истифода мешавад ва дар ин ҳолат пеш аз ҳама чӣ гуна функсияро адо намудани образ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Саҳеҳ ва возеҳ ифода карданро Пушкин ба ҳар ду услуб – ҳам ба забони асарҳои илмӣ ва ҳам асарҳои бадеӣ хос медонад, вале ифоданокӣ ва образнокӣ бештар хоси забони асарҳои бадеӣ мебошад.
Истилоҳҳо дар услуби асарҳои илмӣ як маъноро ифода мекунанд, вале онҳо дар асарҳои бадеӣ чанд маъно ва ҳатто ба маънои маҷозӣ омада метавонанд. Баъзан вобаста ба услуб ин ё он калима ҳам ба мафҳуми термин ва ҳам ба маънои умумихалқӣ омада метавонад.
Забони миллӣ ба пайдоиши худи миллат вобаста аст.
Миллат ҳангоми алоқаи иқтисодии одамони бисёри аз рӯйи умумияти сарзамин, забон, шуурнокии миллӣ, ки дар ягонагии маданият ва хислату характери одамон зоҳир мегардад, ба амал меояд, вуҷуд дорад ва инкишоф меёбад.
Ягонагии забон ва инкишофи бемайлони он яке аз аломатҳои асосии миллат мебошад. Хусусияти забони миллӣ ва фарқи он аз забони халқият ҳатмӣ будани шакли адабии хаттӣ, мавҷудияти меъёри муайян мебошад. Забони миллӣ дорои адабиётест, ки ҳисси миллӣ ва шуурнокии миллиро ифода мекунад. Забони миллӣ ин шакли маданияти миллӣ мебошад.
Забонҳои байналмилалӣ. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як забон воситаи алоқа, воситаи муносибати байни одамон мебошад. Баъзе забонҳо (масалан, чехӣ, словакӣ, пашту, шуғнӣ, рӯшонӣ, яғнобӣ…) воситаи муносибати танҳо як халқ ва ё миллат мебошанд, вале баъзе забонҳое ҳам ҳастанд, ки барои чанд халқияту миллат чун воситаи алоқа хизмат мекунанд.

пешина
аз 210
навбатӣ