МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
3.Забон ва маданият. Фикру мулоҳизаҳо доир ба ин масъала.
Моҳияти ҷамъиятии забон.
Забон ва таърих
Доир ба алоқаи наздики забону таърихи халқ олимон фикрҳои гуногун баён кардаанд. Ба ақидаи яке аз асосгузорони забоншиносии муқоисавӣ таърихӣ Расмус Раск, ягон восита ба мисли забон ба мо дар бораи пайдоиши халқ ва муносибату хешигарии он ба халқҳои дигар маълумот дода наметавонад. Ба гуфтаи Якоб Гримм, аз тамоми кашфиётҳое, ки инсоният ба даст овардаасту нигаҳдорӣ мекунаду аз насл ба насл мегузаронад, забон бузургтарин, бошарафтарин ва доротарин ба шумор меравад, зеро он ба тамоми соҳибонаш як хел дастрас буда, мисли боду ҳаво бе забон зиндагӣ кардани онҳо – ҷамъият имконнопазир мебошад. Аз ин рӯ, забони мо таърихи мо ҳам мебошад, - мегӯяд Гримм. Бояд қайд кард, ки ҳамаи олимон ин масъаларо як хел ҳал накардаанд. Онҳо вобаста ба ҷараёни лингвистии худ ба ин масъала наздик шудаанд.
Масалан, Август Шлейхер ду давраи забонро – инкишоф ва таназзул, қайд намояд, ҷавонграмматикҳо диққати асосиро ба тадқиқи таърихи забон ҷалб менамоянд, вале онро чун ҳодисаи индивидуалӣ-психологӣ шуморида, аз ҷамъият ҷудо мекарданд. Вале ҷараёни сотсиологӣ дар забоншиносӣ ҷиҳати иҷтимоии онро қайд мекунад.
Доир ба алоқаи наздики забону таърихи халқ олимон фикрҳои гуногун баён кардаанд. Ба ақидаи яке аз асосгузорони забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ Расмус Раск, ягон восита ба мисли забон ба мо дар бораи пайдоиши халқ ва муносибату хешигарии он ба халқҳои дигар маълумот дода наметавонад. Ба гуфтаи Якоб Гримм, аз тамоми кашфиётҳое, ки инсоният ба даст овардаасту нигаҳдорӣ мекунаду аз насл ба насл мегузаронад, забон бузургтарин, бошарафтарин ва доротарин ба шумор меравад, зеро он ба тамоми соҳибонаш як хел дастрас буда, мисли боду ҳаво бе забон зиндагӣ кардани онҳо – ҷамъият имконнопазир мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё