МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Калимаю ибораҳои нав, маъноҳои нав, ки мафҳумҳои навро ифода мекунанд, барои донистани ҳақиқати объективӣ, барои фикри худро пурра ва аниқ ифода намудан ёрӣ мерасонанд. Ин аст, ки ба масъалаи муносибати забону ҷамъият олимони гуногун, ҷараёнҳои лингвистӣ диққати махсус дода меоянд. Албатта, дараҷаи дақиқ ва маънидоди он дар ҳамаи давраҳо як хел набуд. Дар давраҳои қадим файласуфҳо ин масъаларо вобаста ба пайдоиши забон омӯхта бошанд, дар асрҳои миёна ба он эътибор надодаанд, вале дар замони мо ин яке аз масъалаҳои актуалӣ ба шумор меравад.
Мақсади асосии сотсиолингвистика дар ИҶШС тадқиқи табиати забон чун ҳодисаи иҷтимоӣ, мавқеъ ва роли он дар инкишофи ҷамъият; тадқиқ ва муайян намудани методҳои тадқиқоти сотсиолингвистӣ; саҳеҳ кардани факторҳои иҷтимоӣ дар инкишофи забон; омӯзиши дифференсиатсияи иҷтимоии забонҳо ва проблемаи тараққиёти функсияи ҷамъиятии забонҳо мебошад.
Супориш: Ёддошт намудан доир ба забони адабӣ ва
аломатҳои он ва услубҳои забон
Мавзуи 22.
Забонҳои байналмилалӣ. Забон ва таърих. Забон ва маданият Нақша:
1.Забонҳои байналмилалӣ. Мавқеи забонҳои англисӣ, русӣ дар байни забонҳои дигар.
2.Забон ва таърих. Таърихи забон ҳамчун таърихи халқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё