МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Аз ин рӯ, методи муқоисавӣ зидди методи тасвирӣ меистад, зеро дар он ҷо (тасвирӣ) муқоиса вуҷуд надорад. Ба таври муқоиса омӯхтани ду ва ё зиёда забон хеле машҳур аст. Муқоисаи байнизабонӣ, аз як тараф, дар натиҷаи омӯхтани забони бегона ва аз тарафи дигар, ҳангоми омӯхтани забонҳои хеш ба амал омад. Ин метод дар забоншиносӣ пештар ҳам дучор мешуд, вале он аз аввали асри ХІХ машҳур гардид, зеро дар ин вақт забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ба амал меояд.
Методи муқоисавӣ дар ду намуд – муқоисавӣ-таърихӣ ва муқоисавӣ-таққоскунӣ зоҳир мегардад. Ин методҳо ҳам аз рӯйи мақсаду вазифа, ҳам маводи тадқиқоту ҳудуди истифодаи он ва ҳам роҳу методикаи тадқиқи илмӣ аз ҳам фарқ мекунанд.
Вазифаи методи муқоисавӣ-таърихӣ на танҳо муқоисаи забонҳо ва ҳодисаҳои онҳоро нишон додан аст, балки инкишофи забонҳои хешро ошкор намудан мебошад.
Мақсади методи муқоисавӣ-таққоскунӣ тасвир кардани ҳодисаҳои муқоисашавандаи ду ва ё зиёда забонҳо, муқаррар намудани умумият ва фарқи ин ҳодисаҳо бе муқоиса бо гузаштаи онҳост. Методи муқоисавӣ-таърихӣ ба умумияти мафҳуми генетикии забонҳо такя кунад, методи муқоисавӣ-таққоскунӣ ба мафҳуми ҳодисаи муқоисашавандаи ду забон такя мекунад, ки онҳо мумкин аст, умумияти таърихӣ надошта бошанд. Бо методи муқоисавӣ-таърихӣ ҳам забони хеш ва ҳам муодилҳои таърихии худи як забонро омӯхтан мумкин аст. Муқоисаи забонҳо асоси тамоми методҳои лингвистӣ бошад ҳам, методҳои муқоисавӣ-таърихӣ, таърихӣ-муқоисавӣ ва муқоисавӣ таққоскунӣ бо мақсади муқоиса, бо он ки кадом забонҳо муқоиса мешаванд ва бо чӣ мақсад муқоиса карда мешаванд, фарқ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё