МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ин ба фарқи тарзу методикаи тадқиқ ҳам сабаб мешавад.
Методи муқоисавӣ-таърихӣ
Методи муқоисавӣ-таърихӣ ба мафҳуми умумияти генетикӣ ва мавҷудияти оила ва гурӯҳи забонҳои хеш асос карда шудааст. Аз ин рӯ, пеш аз шинос шудан бо методи муқоисавӣтаърихӣ бо забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ва муносибати ин методро бо он аз назар гузаронидан лозим меояд.
Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ забонҳои хеш, таснифи онҳо, таъриху паҳншавии онҳоро меомӯзад.
Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ бо методи ҳамномаш як чиз нест, вале мафҳуми ягонагӣ ва фарқи генетикӣ барои онҳо умумӣ аст.
Ягонагии генетикии забонҳо аз иқтибос ва ё тасодуфан ба ҳам мувофиқ омадани овозу калимаҳо дар забонҳо фарқ мекунад. Масалан, калимаҳои атом ва фабрика дар чандин забонҳои Европа ва Осиё мушоҳида мешавад. Ё ки калимаҳои мактубу муаллимро дар чандин забонҳои Осиё дучор кардан мумкин аст. Ин калимаҳо нишонаи хешигарии ҳамаи ин забонҳо шуда наметавонанд, зеро онҳо калимаҳои иқтибосанд. Мисоли дигар, дар забони тоҷикӣ калимаҳои сад ва бад дида мешавад ва айнан ҳамин гуна калима дар забонҳои русӣ ва англисӣ низ мушоҳида мешаванд. Ин калимаҳо нишонаи умумияти онҳо шуда наметавонанд, чунки дар ин ҷо тасофудан бо ҳам мувофиқ омадани овозҳо ба назар мерасад.
Калимаи духтар ва ҷонишини шахсии ту-ро дар чандин забон мушоҳида кардан мумкин аст: дар русӣ дочь-ты, литовӣ дукте-ту, санскрит duhita(ч)-tuvam, юнонӣ thygater-ty, готӣ dauhtar-Qu, англисӣ daughter-thou, немисӣ Tachter-du.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё