МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Морфема, калима ва ибора низ дар айни замон пурра ба ҳам мувофиқат накарданашон мумкин аст.
Б) азнавсозии шакли калима. Ҳаминро ҳам қайд кардан лозим аст, ки ҳамаи овозҳо, морфемаҳо ва калимаҳои ҳозира шакли қадима, шакли нахустзабони худро надоранд. Ба ин калимаҳои решагии ифодакунандаи он мафҳумҳое дохил мешаванд, ки дар қадим низ дучор мешуданд. Муқоисаи калимаҳои бародар, падар, хоҳар ва ғр. дар забонҳои гуногун ба ин шаҳодат медиҳад. Масалан, калимаи бародар дар забони русӣ брат, славянии қадим – братръ, немисӣ - Bruder, лотинӣ - brater, санскрит - burata ба он далолат мекунад, ки овози аввали ин калима дар қадим ҳамсадои (br) будааст.
в) Муқаррар кардани солномаи (хронологияи) пурра ва нисбӣ. Забонҳои хеш на танҳо шакли қадимаро нигоҳ медоранд, балки ба ҳамон монанд калимаҳо ҳам месозанд.
Дар давраи нахустзабон ҳам диалектҳо буд.
Барои муайян намудани шакли қадима муқаррар кардани он, ки аввалин бор он дар куҷо ва кай зикр шудааст, аҳаммияти калон дорад. Осори боқимондаи хаттии забонҳо як хел нест. Осори хаттии забони хетӣ ба асри ХIV-ХІІІ пеш аз эраи мо тааллуқ дошта бошад, забони қадимаи юнонӣ аз асри Х-IV, форсии қадим аз асри VI-III, санскрит III, вале забони готӣ аз асри V-VI, армании қадим V-ІХ, славянии қадим ІХ-ХІ, литовӣ аз асри ХVI ба мо омада расидаанд.
Усули хронологияи нисбӣ аз он иборат аст, ки бо роҳи омӯзиши паҳншавӣ ва аҳаммиятнокӣ аз ду ҳодисаи системаи забон қадимӣ будани яке аз онҳо нисбат ба дигараш муайян карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё