МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Калимаҳои духтар ва ту калимаҳои решагӣ ва қадимӣ мебошанд ва дар забонҳои гуногун бо ҳам мувофиқ омадани онҳо аломати хешигарии ин забонҳо мебошад.
Маълум мешавад, ки дар ҳолати аз ҷиҳати реша аффиксҳои калимасозу шаклсоз ва ё овоз ба ҳам мувофиқ омадан ба хешигарии забонҳо шубҳа намемонад. Албатта, ҳар як забон бо қонуну қоидаҳои тараққиёти дохилии худ инкишоф меёбад, бинобар он калимаҳо ба тағйиротҳои овозӣ дучор шуданашон мумкин аст. Дар натиҷаи муқоиса ҳатто роҳи тараққиёти забонҳои хеш муайян карда мешавад.
Методи муқоисавӣ-таърихӣ ин системаи тарзҳои тадқиқот ва методикаи таҳлил мебошад, ки дар вақти омӯзиши забонҳои хеш аз он истифода бурда, тараққиёти қонунии сохти он забонҳо нишон дода мешавад ва инчунин барои аз нав барқарор намудани овозҳову шаклҳои қадимаи онҳо ёрӣ мерасонад.
Усулҳои асосии методи муқоисавӣ-таърихӣ инҳо мебошад:
А) муқаррар намудани айнияти генетикӣ. Усули муқаррар намудани айнияти генетикии овозҳо ва шаклҳои забонҳои хеш имконият медиҳад, ки далелҳои забонӣ предмети тадқиқи методи муқоисавӣ-таърихӣ ба ҳисоб гирфита шавад. Дар забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ҳамон гуна мувофиқоии овозҳо, морфемаҳо, калимаҳо ва ибораҳоро айният меноманд, ки пайдоиши умумӣ доранд, яъне ба ҳам монандии генетикӣ доранд. Ин аст, ки баъзан айнияти генетикӣ аз ҷиҳати маводу семантика дар айни замон бо ҳам мувофиқ наомаданаш мумкин аст. Ба ҳам монандии овозҳо аз ҷиҳати генетикӣ маънои онро надорад, ки онҳо ҳоло ҳам аз рӯйи хусусиятҳои акустикиву артикулятсионӣ мувофиқ оянд, яъне монанд бошанд.
Масалан, овозҳои «г» ва «ж» аз ҳар ҷиҳат фарқ мекунанд: г – овози пасизабонии зич бошад, ж – пешизабонии роғ аст, ҳол он ки онҳо аз ҷиҳати генетикӣ монанд мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё