МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ба таври муқоиса омӯхтани забонҳо луғатҳои дузабонӣ ва грамматикаҳои умумиро ба вуҷуд овард. Забоншинос Ҳумболдт ғайр аз ба таври муқоисавӣ-таърихӣ омӯхтани забонҳо ба тариқи муқоисавӣ типологӣ тадқиқ карданро низ зарур дониста буд. Дар ин соҳа хизмати забоншиноси шуравӣ, академик И.И.Мешанинов хеле калон аст.
Дар ҳолати ба тариқи муқоисавӣ-типологӣ омӯхтани забонҳо хусусиятҳои сохтории забонҳои гуногунро ошкор намудан мумкин аст. Таснифоти морфологӣ низ дар ҳамин асос гузаронида шудааст. Дар ҳолати ба тарзи муқоиса омӯхтани забонҳо дараҷаи таъсири як забон ба забони дигар дар натиҷаи алоқаҳои таърихиву территориявӣ маълум мегардад. Ғайр аз ин методи муқоисавӣ дар тартиб додани луғатҳои дузабонӣ ва ба таълими забони хориҷӣ низ саҳми калон мерасонад. Аз асри ХІХ сар карда давлатҳои сермиллат ба амал меоянд ва зиёд шудан мегиранд. Ин ба он сабаб шуд, ки баробари луғатҳои дузабона грамматикаҳои муқоисавӣ тартиб дода шаванд.
Солҳои охир ба таври муқоиса омӯхтани хусусиятҳои ҷудогонаи забони тоҷикӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ ва фаронсавӣ зиёд мушоҳида мешавад. Ба ин рисолаҳои докторию номзадии М.Шаҳобова, П.Ҷамшедов, Р.Мошеев, М.
Абдуллоева, Қ.Абдуллохоҷаева, Х. Яҳёева, М. Ҷалилова, А.
Собиров, Ҳ. Насибалиев, М. Ҷабборова, Ф.Турсунов, С.Ҷоматов, Ҳ. Саидов ва диг. мисол шуда метавонад.
Супориш: Мутолиа ва ёддошт намудан доир ба методҳои
муқоисавӣ, муқоисавӣ-таърихӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё