Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БИЛИНГВИЗМ – дузабонӣ. Шахс ва ё халқе, ки бо ду забон озодона сухан карда метавонад. Масалан, аҳолии Самарқанд бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ озодона гап мезананд.

БИХЕВИОРИЗМ – ҷараёни лингвистиест, ки забонро танҳо яке аз шаклҳои ахлоқи одамон ё ки психологияи ахлоқӣ мешуморад.

ВОЛАПЮК – (аз vol – ҷаҳон ва puk – забон), яъне забони ҷаҳонӣ.
Забони сунъии байналмилалие, ки соли 1880 аз ҷониби попи католики немис Шлейхер сохта шудааст. Ин забони сунъӣ муваффақият пайдо карда натавонист.

ГЛОССЕМАТИКА – номи мактаби структуралистони Копенгаген буда, соли 1931 аз тарафи роҳбари ин мактаб Луи Елмслев ташкил карда шудааст. Назарияи лингвистӣ аст, ки ба методи тадқиқи соф дедуктивӣ такя мекунад ва ба тарзи худ алгебраи забонро ифода менамояд.

ГЛОТТОГОНӢ – шохаи забошиносӣ аст, ки ба таҳқиқи протсесси ягонаи пайдоиш ва тараққиёти забонҳои дунё машғул мебошад.

ГРАФЕМА – воҳиди асосии хат аст, ки мувофиқи услуби навишт дар таркиби калима ва ё ҷумла муодилҳои гуногун дорад.
Масалан, графемаи «н» дар аввал «Н», дар мобайн «н», дар баъзе мавридҳо «н» навишта мешавад.

ДЕСКРИПТИВӢ – номи мактаби структуралистони Америка
буда, солҳои 20-30 асри ХХ ба амал омадааст. Асосгузорони он
Франс Боас, Эдуард Сепир ва Леонард Блумфилд мебошанд. Ин
мактабро лингвистикаи тасвирӣ ҳам мегӯянд. Онҳо асосан ба

пешина
аз 210
навбатӣ