МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
ЛИНГВИСТИКАИ ДОХИЛӢ – соҳаи забоншиносӣ, ки муносибатҳои системаи воҳидҳои забонро бе алоқамандӣ бо омилҳои берунӣ меомӯзад.
ЛИНГВОСЕМИОТИКА – он қисмати забоншиносӣ, ки хусусиятҳои аломатнокии забонро меомӯзад. Забоншиносӣ бо ҳамин хусусият бо семиотика алоқа дорад. Олимонзабоншиносон ҳарф, овоз, фонема, морфема, калима ва ҷумларо ҳамчун аломатҳои забон нишон додаанд.
МЕНТАЛИНГВИСТИКА – шохаи лингвистикаи америкоӣ, ки амалиёти нутқро ҳамчун маҷмуи натиҷаи ҳодисаи мураккабе, ки ба фаъолияти фикрии фарди гӯянда асос карда шудааст, маънидод мекунад.
МЕТАЛИНГВИСТИКА – шохаи забоншиносӣ, ки ҷиҳати маъноии забонро дар алоқамандӣ бо тафаккур ва ҳаёти ҷамъиятии соҳибони он меомӯзад, бинобар он илмҳои этнолингвистика, психолингвистика, сотсиолингвистика, менталингвистика, паралингвистика ва фонетикаро дар бар мегирад.
МИКРОЛИНГВИСТИКА – шохаи забоншиносӣ, ки алоқа ва ё муносибати тарафайн ва муқоисаи дохилии системаи забонро меомӯзад. Илм доир ба ифода, на маъно.
МОДЕЛИРОВАНИЕ (намунасозӣ/ қолибсозӣ) – усули илмиест, ки объекти мушоҳиданашаванда ва ё хеле мураккабро ба тарзи намуна (қолаб) аз нав барқарор мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё