МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Умуман, дар ин давра дар ҷамъият тағйироти куллӣ ба амал меояд.
Дар ин давра доир ба забонҳои зиёд маълумот ва мавод ҷамъ мешавад. Омӯзиши осори қадимаи юнонӣ, лотинӣ, яҳудӣ ва сомӣ ривоҷ мегирад. Лоиҳаи забонҳои умумиҷаҳонии сунъӣ, грамматикаҳои универсалӣ ба амал меояд.
Дар масъалаи дастрас ва паҳн намудани забону маданияти қадима хизмати Юлий Сезар Скалигер (1484- 1558), Роберт Стефанус Юстус Скалигер (1540-1609), Иоган Рейхлин ниҳоят калон буд.
Дар ин давра ва махсусан аз охири асри ХV сар карда тартиб додан ва навиштани грамматикаҳои гуногун сар мешавад ва доир ба забонҳои испанӣ (1492), бретонӣ (1499), немисӣ (1527), фаронсавӣ (1531), англисӣ (1538), венгерӣ (1539), чехӣ (1567), полякӣ (1568), баскӣ (1587), славянӣ (1596), латишӣ (1644), литвонӣ (1653) грамматикаҳо чоп мешаванд. Ин грамматикаҳо асосан дар қолаби забони лотинӣ навишта шуда буданд, вале хусусиятҳои ин забонҳо маҷбур мекард, ки бисёр ҷойҳои он дигар карда шавад.
Азбаски забонҳои зиёд маълум ва омӯхта мешаванд, луғатҳое ба амал меоянд, ки чандин забонро дар бар мегиранд. Масалан, табиатшинос ва сайёҳи рус Пётр Паллас дар асари худ «Луғатҳои муқоисавии ҳамаи забонҳову диалектҳо» (1791) доир ба 272 забон, олимони немис Аделунг ва Фатер дар асарашон «Митридат ва ё забоншиносии умумӣ» доир ба 500 забон маълумот медиҳанд. Ба масъалаи пайдоиши забон ҳам олимон таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Соли 1761 асари Жан Жак Руссо «Таҷриба оид ба пайдоиши забонҳо» ва Гердер «Тадқиқот оид ба пайдоиши забон» (1772) чоп мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё