МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Пайдоиши ҷараёни фалсафии ратсионализм (асри ХVII) ба он сабаб шуд, ки баъзе файласуфҳо – забоншиносҳо категорияҳои забонҳоро бо категорияи мантиқ як мешумориданд. Агар ин ё он ҳодисаи забонӣ дар мантиқ мушоҳида нашавад, онро камбудӣ шуморида ба барҳам додани он ҳаракат мекарданд. Тарафдорони ин ҷараён таклиф мекарданд, ки барои ҳамаи забонҳо грамматикаи умумӣ, ягона тартиб дода шавад. Яке аз чунин грамматикаҳои универсалӣ «Грамматикаи умумӣ ва ратсионалӣ» (1660) ба қалами олимони франсуз Пор-Роял Клод Лансло ва Антон Арно тааллуқ дорад. Инҳо фалсафаи Декартро асос гирифта буданд, зеро дар он алоқаи зичи грамматикаю мантиқ қайд шудааст. Агар забон тафакурро ифода кунад, пас категорияи забон низ ифодакунандаи категорияи фикр аст. Аз ин рӯ, грамматика бояд ба мантиқ такя кунад. Агар мантиқ барои ҳамаи халқҳо ягона бошад, грамматика ҳам бояд чунин шавад. Барои як забон тартиб додани грамматика мантиқан дуруст нест.
Албатта, дар байни забонҳо, чи хеле ки қайд карда будем, умумият ҳаст, вале ҳар як забон ҷиҳатҳои хос ва махсуси худро дорад, аз ин рӯ, пурра мувофиқат кардани хусусиятҳои забону мантиқ номумкин аст. Масалан, на ҳамаи калимаҳо мафҳуми мантиқӣ доранд, яъне маънои лексикиро ифода карда метавонанд. Гуруҳи калони калимаҳо ёридиҳанда танҳо маъноҳои грамматикиро ифода мекунанд.
Ғайр аз ин тарафдорони ҷараёни ратсионализм ба сохтани забони сунъии байналхалқӣ ҳаракат мекунанд.
Файласуфҳои франсуз Рене Декарт (асри ХVII) ва Готфрид Вилгелм Лейбнитс (1646-1716) тарғиботчиёни асосии ин равия буданд.
То ҳол қариб 600 лоиҳаи забони сунъии байналхалқӣ сохта шудааст. Вақтҳои охир ба ҷиҳати фалсафии ин масъала не, балки ба ҷиҳати амалии он диққат медодагӣ шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё