МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ҳамин тариқа, аз охири асри ХVII то нимаи асри ХІХ забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ предмети худ ва методи худ – муқоисавӣ-таърихиро муайян намуд. Ё ки ба гуфтаи Энгелс, лингвистика ба туфайли забоншиносии муқоисавӣтаърихӣ бунёди таърихии худро пайдо кард.
Супориш: Мутолиа ва ёддошт намудан аз рӯйи назарияи
лингвистии Август Шлейхер
Мавзуи 12.
Ҷараёни мантиқӣ ва психологӣ дар забоншиносии умумӣ Нақша:
1.Ҷараёни мантиқӣ. Забоншиноси рус Буслаев Ф.И - асосгузори ҷараёни мантиқӣ дар забоншиносӣ.
2.Ҷараёни психологӣ дар забоншиносӣ. Саҳми забоншиносон Герман Штейнтал, Вилям Гумбодд, Потебня А.А. дар шаклгирии ҷараёни психологӣ дар забоншиносӣ.
Ҷараёни мантиқӣ. Омӯзиши ҷиҳати фалсафии (назариявии) забон дар нимаи аввали асри ХІХ дар ду равия
– мантиқӣ ва психологӣ инкишоф ёфтааст. Онҳо аз ду ҷиҳат
– шаклию семантикӣ омӯхтани грамматикаро таъкид мекарданд, вале фаҳмиши ҳам шаклию ҳам семантикии онҳо гуногун буд.
Ҷараёни мантиқии асри ХІХ то андозае аз грамматикаи универсалии асри ХVII фарқ карда, бештар ба хусусиятҳои миллии шаклҳои забонӣ диққат дода, ба ягонагии мантиқӣ ва таърихӣ ва махсусан ба ягонагии мантиқӣ-синтаксисӣ эътибор медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё