МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Хусусияти барҷастаи ҷараёни мантиқӣ дар забоншиносӣ назарияи забонро проблемаи мантиқӣ шуморидан аст.
Семантикаи забонӣ бо категорияҳои мантиқ як шуморида мешавад. Ба тарзи дигар гӯем, калима мафҳуму ҷумла муҳокима фаҳмида мешавад ё ки ҷумлаҳои мураккабу матн хулосабарорӣ дониста мешавад. Чунин фаҳмиши алоқаи забону тафаккур хусусиятҳои забонҳоро инкор мекунад, бештар ба ҷиҳатҳои умумии забонҳо диққат дода, хусусиятҳои ҷудогонаи он ба эътибор гирифта намешавад. Ба мадди аввал омӯзиши хусусиятҳои универсалии забонҳо, ки ба воситаи методи таснифотӣ-дедуктивӣ тасвир карда шудааст, гузошта мешавад. Ҷараёни мантиқӣ тағйирёбандааст, зеро агар Аристотел дар мантиқи худ таносуби ҷумлаю ҳиссаҳои нутқро нишон дода бошад, грамматикаи Пор-Роял универсалии категорияҳои мантиқу грамматикаро, тарафдорони ҷараёни мантиқии аввал ва мобайни асри ХІХ муносибати мантиқу грамматикаро нишон додаанд.
Омӯзиши маводҳои аз ҷиҳати сохт гуногун ва тараққиёти давраҳои гуногуни як забон, инчунин танқиди мактаби шаклӣ-грамматикӣ аз тарафи забоншиносони таърихӣ ба он овард, ки дар охири асри ХІХ ҷараёни мантиқӣ аввал дар шакли синтаксиӣ-семантикӣ, баъд дар шакли структурӣсемантикӣ инкишоф ёфт. Дар ташаккули ин гуна мактабҳои мантиқӣ-семантикӣ (логико-семантический) асарҳои А.В.
Богородитский, А.А.Шахматов, И.И. Мешаннинов, инчунин намояндагони синтаксиси семантикӣ, коммуникативӣ ва номинативӣ роли калон бозидаанд.
Дар асри ХХ консепсияи тарафдорони ҷараёни мантиқӣ хеле тағйир ёфт, ба ин инкишофи лексикология ва забоншиносии мантиқӣматематикӣ сабаб гардид. Ҳамаи ин дар натиҷаи ба куллӣ тағйир ёфтани мантиқ ва математика дар охири асри ХІХ ва аввали асри ХХ ба амал омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё