МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Таъсири якхелаи беруна фикр ва забони якхела ба вуҷуд меоварад. Тасаввурот ва инкишофи он аз рӯйи қонуни умумии психологияи шахси ҷудогона ба амал меояд. Вале таъсири як шахс ба шахси дигар бо роҳи психикӣ не, балки ба воситаи забон ба амал меояд. Ба ақидаи Штейнтал «Предмети забоншиносӣ забон ва ё умуман забон мебошад, яъне ифодаи ҳаракати дарки дохилӣ, психикӣ ва рӯҳест, ки ҳолат ва муносибати он ба воситаи овозҳои артикулятсионӣ ифода меёбад».
Маҷмуи мундариҷаи дохилӣ пеш аз забон ба амал омада бо ёрии забон ифода мешавад.
Ҳамин тариқ, дар консепсияи Штейнтал чизи асосӣ ва ҳалкунанда ин ҳамбастагии нутқи фард ва тафаккури он мебошад.
Ҳумболдт забонро чун ҷараёни мунтазам, чун фаъолияти эҷодӣ, чун воситаи пайдарҳам бавуҷудорандаи фактҳои нутқи зинда мефаҳмид. Вале аз эҷодиёти бою ҳаматарафа ва бағоят диалектикии Ҳумболдт танҳо баъзе ҳолатҳо инкишф дода мешаваду халос. Масалан, мафҳуми «фаъолияти забонӣ»-и Ҳумболдт чун яке аз функсияҳои организми инсон фаҳмида мешавад. Ин маънои он дорад, ки моҳияти забон бо мафҳуми ҷараёни психофизиологии бо нутқи фард ифодашаванда як шуморида мешавад. Дар ин ҳол асоси забоншиносӣ физиология ва ё психология шунаданш мумкин аст.
Хулоса, таълимоти Ҳумболдт доир ба муносибати мураккаби байни забон, шуур ва ҳақиқат ба субъективизм ва индивидуализм иваз карда мешавад.
Ҳамин тариқ, дар нимаи дуюми асри ХІХ мавқеи асосиро шарҳи психологии моҳият ва ҷараёни инкишофи забон гирифта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё