МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Он муқаддима ба сифати манифести ин мактаби забоншиносӣ эътироф шудааст.
Намояндагони ҷавонграмматикҳо асосан ба се чиз диққати махсус медоданд: 1) Қонунҳои фонетикӣ, ки дар забонҳо ҷой доранд, 2) Аналогия, ки дар ҷараёни сохтани шаклҳои забонӣ ва тағйиротҳои фонетикӣ-морфологӣ роли муҳим мебозад, 3) Омӯзиш ва тадқиқи забонҳои зиндаи ҳозира ва лаҳҷаҳои он, ки (Забонҳои қадима ва забони адабиро одамон назорат мекунанд) барои муқаррар намудани қонуниятҳои лингвистиву психологӣ заминаи муҳим ба шумор мераванд. Ҷараёни ҷавонграмматикҳо дар заминаи мушоҳида ва кашфиётҳои зиёде доир ба таърихи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, мушоҳида ба талаффузи одамони зинда, омӯзиши шартҳои физиологӣ ва физикии (аккустикии) пайдоиши овозҳо ва лаҳҷаҳои гуногун, ки илми фонетикаро ба вуҷуд меорад, ба амал омадааст. Ин гуна мушоҳидаҳо ба хулосае оварданд, ки қонунияти инкишофи овозҳо ҷой дорад.
Кашфиётҳои нав дар соҳаи грамматика нишон доданд, ки дар ҷараёни инкишофи флексия, ғайр аз агглютинатсия, ки гузаштагони ҷавонграмматикҳо ба он эътибори махсус медоданд, ҷараёнҳои дигари морфологӣ – ҷойивазкунии сарҳади байни морфемаҳо дар ҳудуди калима ва махсусан баробар кардани шакл аз рӯйи аналогия низ роли калон мебозанд.
Омӯзиши амиқи хусусиятҳои фонетикиву грамматикӣ этимологияро ба пояи илмӣ гузошт. Тадқиқотҳои этимологӣ нишон доданд, ки тағйиротҳои фонетикиву маъногӣ дар калимаҳо аксаран мустақиланд.
Фаҳмиши нави далелҳои забонӣ ҷавонграмматикҳоро барои аз нав дида баромадани ақидаҳои компаративистҳои аввала – Бопп, Ҳумболдт, Шлейхер овард. Инҳо ба ақидаи забоншиносони пешина доир ба инкишофи ягонаи ҳамаи забонҳо аз дараҷаи бешаклӣ ба агглютинативӣ ва баъд ба флективӣ муқобил баромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё