МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Одатан Бодуэн де Куртенэ, Фортунатов ва Соссюрро ҷавонграмматикҳои баъдина ва ё структуралистҳои пешина меноманд, ки ин ба онҳо яктарафа баҳо додан аст. Ин олимон консепсия ва мактаби худро доранд, ки он ҳам аз ҷавонграмматикҳо ва ҳам структуралистҳо фарқ мекунад.
Ин ҷараёни лингвистиро неограмматизм номидан ба мақсад мувофиқат аст. Истилоҳ аз кори худи онҳо бармеояд. Масалан, Бодуэн забоншиносии назариявиро ба грамматика ва систематика тақсим мекунад. Дар зери мафҳуми грамматика омӯзиши сохт ва таркиби забон ё ки ҷиҳати дохилии таърихи забонро, дар систематика таснифоти забонҳоро мефаҳмид, Соссюр бошад, лингвистикаи синхронӣ гуфта грамматикаи умумиро дар назар дошт.
Неограмматизм чун ҷараёни лингвистӣ принсипҳои зеринро тарафдорӣ мекард:
- Забон на организми табиӣ ва на ҳодисаи индивидуалӣ, балки вай аз рӯйи моҳияти худ иҷтимоист, забон барои соҳибонаш ҳатмӣ.
- Предмети забоншиносӣ на танҳо таърихи забон ва инкишофи этногеографии он аст, балки сохти забони ҳозира, муайян намудани воҳиди он ва муносибати байни воҳидҳо мебошад. Фаҳмиши воҳид ва сохти забон гуногун буд: Бодуэн ва Крушевский асосан ба фонема ва морфема, Фортунатову Пешковский ба шакли калимаву ибора, Соссюр бошад, асосан ба муносибатҳои забонӣ – синтагма ва қатори ассотсиативӣ диққат медоданд.
- Барои неограмматистҳо назарияи грамматика, яъне таълимот дар бораи шакли забон муҳим буд. Ин неограмматистҳоро бо шаклпарастии лингвистӣ наздик мекунад, вале фарқ дорад, зеро неограмматистҳо семантикаи забонро рад намекарданд.
- Неограмматистҳо аниқ намудани назарияи тадқиқот ва таснифи фанни лингвистикаро масъалаи назариявии забоншиносии умумӣ мешумориданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё