Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мавзуи 16.
Ҷараёни структурализм дар забоншиносӣ

Нақша:
1.Пайдоиши ҷараёни структурализм дар забоншиносии шуравӣ.
2.Омӯзиши амалии қисматҳои ҷудогонаи системаи забон..
3.Ҷараёни структурализм дар забоншиносӣ.

Аз солҳои сиюм сар карда аксари илмҳо бисёр тез тараққӣ мекунанд. Илми забоншиносӣ ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ инкишоф меёбад.
Мактабу ҷараёнҳои нав дар забоншиносӣ ба амал меоянд.
Предмет ва методҳои нави тадқиқотӣ пайдо мешаванд.
Баробари ин забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ва типологӣ, лингвистикаи сотсиологӣ, мантиқӣ ва психикӣ ҳам бо далелу материалҳои нав бой гардида пеш меравад.
Масалан, забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ба давраи сеюми тараққиёти худ мерасад. Дар ин давра васеъ гардидани базаи факту далелҳо, аз нав дида баромадани проблемаи нахустзабон, боз ҳам саҳеҳ намудани тарзу усулҳои методи муқоисавӣ-таърихӣ барин масъалаҳо ба миён меоянд. Дар забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ҳам аз методҳои структурӣ истифода бурдан мегиранд.
Забоншиносии сотсиологӣ низ проблемаҳои худро мушаххас менамояд. Вай гоҳо чун масъалаи шаклу намудҳои ба ҳам таъсиррасонандаи забонҳо ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ фарқкунонандаи онҳо, гоҳо чун таълимот дар хусуси меъёри забон, услубҳои он ва забони адабӣ инкишоф ёбад, гоҳо бо масъалаҳои этнолингвистика ва психолингвистика диққати махсус медиҳад.
Дар ин давра ҷараёни менталингвистика, ҷараёне, ки ба омӯзиши алоқаи байни забону тафаккур ва худи семантикаи забон сару кор дорад, низ инкишоф меёбад, ҳудуди забоншиносии мантиқӣ-грамматикиву мантиқӣматематикӣ низ муайян карда мешавад.

пешина
аз 210
навбатӣ