Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Марказҳои нави забоншиносӣ ба вуҷуд меоянд.
Баробари инкишоф ва тадқиқи лингвистикаи немисӣ, фаронсавӣ ва итолёӣ забоншиносии советӣ, америкоӣ ва чехӣ ба арсаи ҷаҳонӣ мебарояд.
Ҳоло барои тадқиқи илми забоншиносӣ мактабу ҷараёнҳои гуногун бо аспекту методҳои тадқиқотии худ вуҷуд доранд, аз ин рӯ, ягон мактаб, ягон ҷараён ва ё ягон метод дар алоҳидагӣ доир ба илми забон маълумоти пурра ва мукаммал дода наметавонад. Забоншиносии ҳозира илми тараққикарда буда, мактабу ҷараёнҳои гуногун, проблема ва методҳои гуногунро дар бар мегирад. Масъалаву проблемаҳои гуногунеро, ки ҷамъияти ҳозира дар назди илми забон мегузорад, танҳо дар якҷоягии ҳамаи ин мактабу ҷараёнҳо ҳал кардан мумкин аст.
Яке аз ҷараёнҳои ҳозира ва баҳснок дар илми забоншиносӣ структурализм мебошад.
Структурализм чун ҷараёни махсуси забоншиносӣ аз соли 1926 вуҷуд дошта бошад ҳам, заминаи он пештар гузошта шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки ба ин ҷараён забоншиноси машҳури швейтсариягӣ Ф.де Соссюр асос гузоштааст. Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки дар забоншиносии шуравӣ то соли 1956 ба ин ҷараён – структурализм диққат дода намешуд.
Структурализм бар зидди ҷараёни ҷавонграмматикҳо, ки ягон ҳодисаи таърихи забонро асоси кори худ мешумориданд, ба вуҷуд омадааст. Ғайр аз ин структурализм ҷараёни психологӣ ва иҷтимоӣпсихологиро бо хусусиятҳои таҷрибавию (эмпирӣ) индуктивиашон эътироф намекунад.
Структурализм мисли ҷараёнҳои дигар таърихи худро дорад. Бодуэн де Куртенэ соли 1870 дар лексияи ба донишҷӯёни Университети Петербург хондаи худ масъалаи назарияи фонема ва системанокии забонро мегузорад, ки ин баъдҳо ду талаби ҷараёни структурализм мегардад.

пешина
аз 210
навбатӣ