МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ҳоло бо мақсад ва мундариҷаи ин ҷараён шинос мешавем: Хусусияти забон. Далел ва маводҳои забонро аз ҷиҳати психологӣ (Штейнтал, Вундт), физиологӣ (Дарвин, Павлов), иҷтимоӣ (Марр) ва эстетикӣ (Кроче, Фосслер) дида мебаромаданд ва онҳо забонро ба ҳодисаҳои психологӣ, табиӣ, иҷтимоӣ ва эстетикӣ дохил намудаанд.
Структуралистҳо мегӯянд, ки лингвистика илми мустақил аст, чунки объекти ҷудогона дорад, ки он забон аст. Забон ҳодисаи ҷудогона буда, чун воситаи алоқа ва таъсиррасон аз рӯйи қоидаи дохилии худ тараққӣ мекунад ва инкишоф меёбад. Вале структуралистҳо дар ин ақида устувор наистоданд, чунки Соссюр забоншиносиро ба илми семиология ва ё семиотика дохил мекунад. Структурализм семиологияро қисми психологияи иҷтимоӣ (ҷамъиятӣ) мешуморад. Структуралистҳо забонро ба мантиқ ва махсусан ба математика наздик менамуданд.
Системанокии забон. Дар замони ҳозира низ масъалаи системаокии забон дар маркази диққати лингвистика мебошад. Яке аз асосҳои пайдоиши структурализм ҳамин масъала аст. Инро Ҳумболдт ва Бодуэн ҳам махсус қайд карда буданд. Соссюр онро инкишоф дод. Система гуфта чизи ягонаи аз унсурҳои монанд ба вуҷуд омадаро мегӯянд, ки онҳо ба ҳамдигар сахт вобаста ва дар як вақт таъсиррасонанда мебошанд. Вале структуралистҳо инро ба маънои тангтар – муқобилгузории унсурҳо мефаҳманд. Ҳол он ки унсурҳои забон бо маҷмуи аломатҳои томе, ки байни ҳамдигар ҳам умумияту ҳам фарқ доранд, муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, бояд дар хусуси муқоисаи умумият ва фарқи унсурҳо сухан ронд, на зиддияти онҳо. Пас, умумият ва фарқи далелҳои забонӣ муносибати байни унсурҳоро муайян мекунад ва системаро ба вуҷуд меоварад.
Ҳар як забон системаи муайяни худро дорад, ки хусусияти хоси он забонро дар бар мегирад. Системаи ҳозираи забон ҳам ҷиҳатҳои гузашта ва ҳам ояндаи забонро ба ҳисоб мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё