Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъдтар забоншиноси ҷавон Соссюр дар «Курси забоншиносии умумӣ» (1916) чор аломати хоси ин ҷараёнро нишон медиҳад: Хусусияти хос (спетсифика), система, шакл ва муносибат. Дар ин хусус Соссюр чунин гуфта буд: 1) Объекти ягона ва ҳақиқии лингвистика забон мебошад. 2) Забон системаест, ки тартиби хоси худро дорад. 3) Забон шакл аст, на субстансия (маъно, ҷавҳар). 4) Дар ҳама гуна ҳолатҳои забон тамоми воҳидҳои он дар муносибатанд.
Соли 1926 забоншиноси чех Вилем Матезиус дар Прага бо номи «Кружоки лингвистии Прага» маҳфили структуралистҳоро ташкил намуд. Соли 1928 дар конгресси якуми умумиҷаҳонии лингвистҳо дар Гаага структуралистҳо манифести худро эълон карданд. Аз соли 1939 сар карда, дар Копенгаген маҷаллаи структуралистҳо чоп мешавад. Ҳоло дар Дания, ШМА, Швейтсария ва Англия мактабҳои ин ҷараён мавҷуданд.
Ҳамин тариқ, ҷараёни структурализм ба қоидаҳои зерин риоя карданро талаб мекунад:

  1. Предмети тадқиқи илми забоншиносӣ бояд забони инсон бошад, на ягон чизи дигар. То ин вақт ҳодисаҳои ба илмҳои психология, физиология ва мантиқ дохил намудани забон вуҷуд дошт.
  2. Забонро чун система донистан. Ҳамаи воҳидҳои забон бо ҳам муносибати зич доранд. Ҳодисаҳои забониро аз ҳолати ҳозираи забони мушаххас ҷустуҷӯ кардан лозим, на аз ҳодисаи забонҳои хеш ва ё забони қадима.
  3. Ҷиҳати синхронии забонро тадқиқ кардан.
    Системаи забонро дар давраи муайяни замони ҳозира тадқиқ кардан лозим, на бо таърихи он ва ё диахронию синхронияро омехта кардан.
    Структурализм дар мушоҳида ва ба қайд гирифтани маводҳои забон объективӣ буданро талаб мекунад.
пешина
аз 210
навбатӣ