МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Барои системаи забон на танҳо муносибат, балки унсурҳои забон бо маъною функсияшон муҳим аст.
Қисматҳои таркибии забон. Забон аз воҳидҳои мустақил (ҷумла, калима) ва номустақил, қисми таркибӣ (ибора, морфема, ҳиҷо ва овоз) иборат аст.
Миқдори фонема дар забонҳо аз 12 то 80 (дар лаҳҷаи бзиби забони абхазӣ 80 фонема ҳаст), вале одатан аз 30 то
50 мешавад. Миқдори морфемаҳо аз якчанд ҳазор зиёд намешавад, калимаҳо (ба истиснои истилоҳҳо) дар забонҳои тараққикарда 100 ҳазор мешавад. Вале миқдори ҷумлаҳо ниҳоят зиёд аст, зиёда аз миллион ҷумлаи содда сохтан мумкин аст.
Бодуэн (1880) калимаро воҳиди ҳақиқӣ ва мустақили забон номида буд, вале баъзе структуралистҳо морфемаро чунин мешуморанд. Соссюр бошад, калимаро аломати шартӣ меномад, ки а) ҳам ифода мешавад (ба воситаи овоз ва шунидан) ва б) ҳам ифода мекунад (реалият ва маъноро). Дар ҳақиқат, калима аломати шартист, зеро бо мафҳуми ва ё предмети ифода мекардагиаш ҳеҷ гуна умумият надорад. Як предмет дар забонҳо бо калимаҳои гуногун ифода мегардад. Албатта, байни калима ҳамчун аломати шартӣ ва аломатҳои шартии дигар фарқи калон дида мешавад: системаи аломатҳо содда, вале забон мураккаб, он аломатҳо якмаъно, вале забон бисёрмаъно, аломатҳои шартии дигар вариант надоранд, забон дорад, онҳо хусусияти ҷамъбасткунӣ надоранд, вале забон дорад, он аломатҳо тағйир намеёбанд, забон тағйир меёбад, он аломатҳо таърих надоранд, забон дорад, он аломатҳо ба иродаи одамон вобаста, вале на пайдоиш ва на тараққиёти забон ба иродаи одамон вобаста нест, аломат тағйир ёбад, функсияашро гум мекунад, вале калима тағйир ёбад ҳам, он маъноро ифода карда метавонад.
Баъзе забоншиносон ба структурализм ва ҷараёнҳои нави дигари забоншиносӣ диққати махсус дода, роли забоншиносии муқоисавӣтаърихӣ ва умумиро паст мекунанд, ки дуруст нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё