МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хонданКамбудиҳои асосии структурализм аз инҳо иборат аст:
- Структуралистҳо дар забон танҳо системаи аломатҳои пуч (бемаънӣ), системаи зиддиятро мебинанд, вале калима аломати пуч набуда, балки ифодаи ҷамъбасти умумии ҳодисаҳои ҳақиқӣ мебошад. 2. Онҳо структураи забонро аз соҳибони он – халқ ҷудо меомӯзанд ва бо ин хусусияти ба худ хоси забонҳои миллиро инкор мекунанд.
- Онҳо ба ҳолати ҳозраи забон (синхрония) диққати асосӣ дода, роли таърихии он (диахронияро) паст мекунанд ва омӯзиши қонунияти дохилии инкишофи забонро пурра ба ҳисоб намегиранд. 4. Структуралистҳо синхронияро ба панхрония ва ахрония иваз мекунанд. Системаи забонро ҳамчун марҳалаи тағйири таърихии тараққиёти забон надониста, балки ба тамоми давраҳо ягона мешуморанд.
Структурализм вобаста ба назарияи фалсафӣ ва методологии забоншиносон дар мамлакатҳои гуногун тарзи ифодаи махсус пайдо кардааст.
Супориш: Мутолиа ва ёддошт доир ба ҷараёни
структурализм ва масъалаҳои баҳсноки он Мавзуи 17.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё