Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба назар, на пояш барад танро, бал тан кашад пойҳояшро.
Кас рафтору кирдори ӯро дидаву мушоҳида карда, пиндорад, ки дунё танҳо баройи Боҷӯрабой барин касон сохта шудааст, ки дар борайи он фикру андеша накарда, умр ба сар баранд...
27.01.07

ҲАР ЛАҲЗА МЕКУШАНД, БОЗ ЗИНДА МЕШАВЕМ
Модар даромад ба хона, ки духтараш гиря дорад. Чунон гиряйи ҳиқчоқдор, ки ба сад «чӣ шуду чаро гиря мекунӣ?»
гуфтани модар посух дода наметавонист, балки баландтар мегирист ва ғалтанак мерафт.
– Чаро? Чаро? Бигӯй, ки чаро гиря мекунӣ?
– А... А... А... Ама... ама... амакам... ро...
– Чӣ амакатро?
– Ку... кушшш...
– Куштанд?
– Ҳҳа...
– Кӣ гуфт?
Сар ҷунбонд духтар:
– Ди... ди-дам.
– Дидӣ?
– Ҳҳа.
– Дар куҷо?
Гуфта натавонист ӯ. Бо ангушт телевизорро нишон дод.
– Ба-баройи се, се сум. Дуздон.
Модар дарро кушода, аз паси дари ҳамсояйи дарбарӯ гӯш андохт. Хомӯшӣ буд. Аммо дили занак дук-дук мезад. Дер истод. Касе дарро кушода набаромад. Чанд бор ангушт ба тугмайи садо расонд, аммо пахш карда натавонист, ки агар дарро кушоянд, чӣ гӯяд. Ҷуръат накарда баргашт. Духтар ҳанӯз мегирист.
– Гиря накун, дурӯғ барин, ҳама ҷо оромӣ.
– Худам дидам, худам дидам. Аввал куштанд, сонӣ кисаҳояшро кофта як сесума пайдо карданд. Садойи ҳуштакро шунида, партофта гурехтанд. Чӣ хел амаки нағз буд-э!

пешина
аз 344
навбатӣ