МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Пеш аз одам салом мегуфт. Ҳама нағз медиданд, ҳама эҳтиромаш мекарданд.
– Ин ҷо биё духтар! Ҳӯ ҳамон кас, артист амакат нест?
– Не, ӯро куштанд. Дигар...
– Ана омад. Ту дигар касро дидайӣ.
– Худи худаш буд. – Аз тиреза нигоҳ бикун! Меояд.
Хандаҳойи худи худаш.
– Ҳааа... волло! Амакҷон, шуморо нав дар телевизор дидам, ки куштанд. Чӣ хел зинда шудед?
– Духтари амакаш, ҳунари мо дар ҳамин: ҳар лаҳза мекушанд, боз зинда мешавем...
3.02.07
ГӮЯЙИ САРИ ГӮР
«Падарҷонам!...
Инак дарёфтам, ки бекас шудаам. На танҳо ман. Очаам ҳам бекас шуд. Ҳарчанд мегӯяд: «Соҳиби гӯру чӯбам ту ҳастӣ, пушту паноҳам ту ҳастӣ; ҷуз ту дар дунё касе надорам...», лек ман мебинаму медонам, ки танҳойи зор аст.Зеро аз дасти мани ятим коре намеояд. Ақаллан худамро сариштаву ҳимоя карда наметавонам; чӣ монад ба пушту паноҳи модар будан.
Агар даҳ сол пештар ин ҳарфро мегуфт, бовар мекардам... Зеро ту барҳаёт будӣ, падарҷон! Қуввайи дили ман, соябони хонадон будӣ; ман ҳам нерӯманд ба каси бадгӯву бадкор дӯғу даранг карда метавонистам. Медонистам, ки зӯрам нарасад, касе ҳаст, ки зӯраш мерасад. Кошкӣ нозӯр мебудӣ, ки мисли дигарон сар хам дошта зиндагӣ карда мегаштӣ. Лекин ба ту намезебид сар андохтан; кадом баҳодурони афсонавиро ёд меовардӣ; миннати касеро кашидан намехостӣ. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки мегуфтӣ: «Шайтон куштан наомӯхтааст; «аз куштан даст кӯтаҳ доред!» гуфтааст». Лекин таълим медиҳанд, ки Одамзода куштан намедонист. Шайтон ба сари мор санг кӯфта, ба баччайи Одам куштан омӯхт. Рустам ҳам писараш Сӯҳробро кушту як кам чил шабонарӯз рӯйи даст бардошта гашт, ки зинда шавад, зинда нашуд. Маъниаш чунин буд: «Куштан нашояд!» Аммо мекушанд. Туро ҳам куштанд, падарҷон! Намедонам баройи чӣ? Лек куштанд: дар дами дарвозайи худамон камонбадастони сияҳпӯши рӯсиёҳ, дилу ҷигарашон ҳам сиёҳ, тиршап карданду гурехтанду рафтанд, ҳоло, ки онҳоро пайдо мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё