Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аммо бо одамони хуб чунон салому алейку пурсупос мекард, ки дар олам аз ӯ хубтар касе нест.
Ҳар қадар ғам хӯрад, ҳамон қадар андеша дошт, то номуродонро чун расонад ба мурод? Аз миёни ҳавлийи Фотима наҳробе мегузашт. Ҳар боре бо коре машғул шавад, лаби наҳр нишаста гуфтор мекард. Аз ноомадийи кор худро ба наҳр заданӣ мешуд. Аз раъяш мегашт, ки дар чунин наҳрак кас ба зудӣ намемирад; азоби оламро мекашад. Бояд ба Зарафшон равад. Дар хаёл буд, ки ба сар рафт чу тимсо, дигар надонист, чӣ рухдоде ҳаст дар ин дунё... Вақте чашм кушод, ки берун аз об буд. Шаб. Ва Олам тира метофт. Чун хешро зинда дарёфт, ба хаёли ширин рафт: Худойи бузург ӯро фарзанд диҳад ва бо кӯмаки Худованд Фотима фарзандталабони нозоро зо гардонад. Нахуст дар батни хеш чизеро пай бурд, ки намерасид.
Хаёлаш дар дигар занони нозо низ ҳамон чиз намерасид. Ба назараш боре сарторик шуда дилаш ба ғӯрайи зардолу гум зад. Чун зимистон буд, ҳавасаш шикаст ва андарунаш ҳасрат мурд. Ҳамону ҳамон. Дигар дилашу ҳавасаш ба чизе нарафт.
Шояд дигарон ҳам ба чунин ҳол гирифтор шуда бошанд...
Акнун ҳар занеро, ки ба умеду ёди фарзанд ҳасрат мекард, нахуст аз сарторикӣ мепурсид. Онҳо посух мегуфтанд: «Ёд надорам». Сонӣ Фотима шикаммол шуд ва гӯшти дар камар часпидаро мекандагӣ. Билохира бо хурма (гӯё) ҷанини часпида ва ҷоннагирифтаро меканд. Чунон буд, ки хурмайи меросиро равғани зард мемолид. Оташ афрӯхта гарм мекард ва бар шиками «бемор» мегузошт ва хурма шикамро фурӯ мекашид... Боре шиками занеро чунон кашид, ки саҳл монда буд чун аждар фурӯ барад. Фотима ҳарчанд зӯр зад хурма аз шикам ҷудо карда натавонист. Тораш баромада аз ду ҷониби хурма пой монда, то зӯре дошт хурмаро кашид ва шикаму рӯдаву рӯбчаки занак канда шуда омад...
Чунин ҳодиса дами Фотимайи Аждарро паст кард. Вагарна Худо донад, ки ӯ дар табибӣ то кадом зина мерасид?
«Фотима! Хурмаро мешикастӣ, чӣ мешуд?»
«Ақл ку?!»
5.06.07. Амондара.

пешина
аз 344
навбатӣ