МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
«Биё...»
Оби даҳони писари ҳамсоя баробари во шудани лабонаш пош хӯрд ва сар ҷунбонд: «Биё...»
Худ аз худ оринҷу сойиди чапи Салим ковок шуд ва нонпора аз зери бағал фитод.
«Бубин, худаш ба коми аҷал меояд.»
Писари ҳамсоя даҳсола. Салим чорсола. Албатта писари ҳамсоя ҳунари аз нон шутур сохтанро аз калонҳо омӯхтааст.
Аммо Салим ҳайрон, ки чун аз нон шутур созанд; ақлаш намегирад. Зеро шутурро надидааст, бинад ҳам нашиносад. Ба чӣ андешаву хаёл ё ҳайрате, ки дар сар дошт, сарфаҳм нарафта, аз рӯйи ҳавою ҳавас нонро дод ба писари ҳамсоя. Ӯ як даҳон аз пушти нон газиду ғур-ғур кард: «Ана кӯҳон шуд.
Зин!» Салимро дил сӯхт ба нон, лек пайи гази ӯро дида ҳайрон монд. Ӯ нони даҳон хойида фурӯ бурд ва фармуд:
«Инак пой ва гардан месозем». Аз зер газид. Пойҳойи шутур пайдо шуд. Аммо як шиками борики шутур, ки ана-ана бояш шиканад, боқӣ монд. Сонӣ гардани борик ва сари бурида шакл гирифт.
«Ана, шери акош, инро шутурнон мегӯянд...»
Аммо Салими хурдсол пушти даст зада миёни шутурро шикаст ва ба замин ғелида фарёд кашид.
Модар тозон омад: «Чӣ шуд бачам?»
«Ҳамсоя... но... нонама шутур ка-ард!»
«Майлаш, бачам, гиря накун!»
«Не! Ъооооо!!!»
«Шодӣ бикун, бачам, Шутурдор шудӣ...»
«Не! Ъоооо!!!»
«Шутурдор шудӣ. Ба шутурат савор мешавӣ; пеши Юсуфи Мисрӣ меравӣ; Мегӯйӣ, ки соли қаҳтӣ... Гандум медиҳад, меорӣ; осиё мебарем; орд мекунем; Нон мепазем...»
«... Лекин ин шутурсоза намебарам!!!»
7.06.07. Амондара
СУФРАДУЗД
Ҳар шаб ё шабдармиён суфрайи хонадоне гум мешуд; гумон аз сагони гурусна доштанд. Дар он замон саг аз одам гушна буд ва одам аз саг гуруснатар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё