МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Зиндагийи хоҳарон низ хуб нест... Зиндагийи падару модар ҳам. Шояд нафақапулӣ аз моҳ ба моҳ нӯг ба нӯг нашавад. Шояд падар ҳам азоб кашаду забонаш ба «пул» гуфтан нагардад. Ӯҳамин хел одам: гушна мурад ҳам, аз касе чизе намепурсад... Худоё, бираҳон аз чунин банд!
«Дадаҷон! Ду ҳазор сомонӣ шуд!»
«Ягон гӯшаро обод накардӣ?»
«Намерасад, дада!»
«Ҷамъ кардан гир як рӯз мерасад...»
«Намерасад дада... Рӯзе ки сар кардам, шефир ҳашт сомонӣ буд. Сиву чанд сомонӣ шудааст... Як кило семент шиш дирам буд, сад дирам шудааст...»
«Лой...»
«Як мошин хок сад сомонӣ...»
«Сабр бикун, духтарам... Шояд рақами ҳисобгираки нарх тамом шуда, аз сифр оғоз гирад?!»
6.06.07. Амондара
ШУТУРНОН
«Салим, биё нонатро шутур кунам!»
Салими кӯчак, ки баъди чанд рӯзи гуруснагӣ даҳонаш ба нон расида буд, аз чунин пешниҳоди бачайи ҳамсоя дар шигифт монд ва андаке кебида нонпораро зери каши чап ҷой дод. Ва ҳайратзадаву тарсӯ боре ба чашмони ҳилагар ё гуруснайи ҳамсоя нигарист, сонӣ сар андохта ба пойи бараҳнайи ёзидааш дида дӯхт ва нонпораро сахттар сӯйи дил пахш карда, бо чӣ хаёле фармуд:
«Додом дар ҷанг...»
«Ман медонам, ки додот дар ҷанг... Додойи ман ҳам дар ҷанг... Баройи он ки ту ҳам хурсанд бошиву ман ҳам, нонатро шутур мекунам, шутурро сувор шуда, ба суроғи додот меравӣ.»
Салим ҳайрони ҳайрон. Ранги пӯсташ дигаргуна шуд; хушӣ гирифт. Як бор ба писари ҳамсоя нигарист. Табассум дамид дар лабаш. Боз ба пойи бараҳнааш нигарист. «Қуртӣ»
оби даҳон фурӯ додани писари ҳамсоя дар гӯшҳояш садо доданд ва боз ӯ рӯ овард: «Чигуна мешуда бошад?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё