МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
«Ин бозист. Дар бозӣ душманӣ нест! Бигӯй «Бой додам...»
сагҳо ҷудо мешаванд».
«Дар умрам бой надодаам... Ғофилгир кард. Ин навбат бой дод, навбати дигар бой мебарад!»
«То навбати дигар Худо – подшост! Ҳолӣ бигӯй: Бой додӣ?»
«На!»
«Пас ман карру гунгам. Сагҳо муросо кунанд...»
Соҳиби Тарғил заданӣ шуд Челсиро. Соҳиби Челсӣ мехи сагбандиро чу шамшер пеши оҳани ӯ дошт ва пас гардонд.
Соҳиби Тарғил зӯри ҳарифро пай бурд:
«Ӯҳӯӯӯ... Зӯр-ку?!»
«Зӯр, нозӯр, фарқ надорад. Ба майдон, ки даромаданд, дунбаҷунбонӣ намекунанд».
«Ту нокаси ҷангнодида маро таҳқир кардӣ. Дашном додӣ!
«Дунбаҷунбонӣ» гуфтӣ. Пуштиҳо дунбаҷунбонӣ мекунанд!
Раққосаҳо дунбаҷунбонӣ мекунанд! Мо мардем. Ту ҳоло бо собуни ман ҷомашӯйӣ накардайӣ! Ман аз ту мегуфтагиҳо не!
Ин ҷанг баройи ман нав ҳам не. Умрам ба сагбозӣ гузашт!...»
«Маъзур хоҷайи сагпараст! Сагҷанг гуфтанд, саг овардем, ки ҷанг кунад... Ҷанг одамро ҳаром! Аз афту башараатон ва сару либосатон шумо бояд ин чизҳоро донед... Агар не, шумо бояд аз пӯсти саг ҷома мепӯшидед!»
Сӯҳбат анҷом нагирифта чӯбе бар сари соҳиби Челсӣ бархӯрд. Чашмони ӯ сиёҳӣ заданд мувозинат гум шуд; калавид; афтид.
Чун Челсӣ чунин ҳол дид гулӯйи рақиби пойёзида раҳо кард ва аз тори одамон ҷаҳида чӯбдастро бар дӯш нишаст ва дасти рости чӯбдорашро газид.
«Сагӣ ҷинӣ! Саги девона!»
«Парронед! Агар напарронед, дигарҳоро низ мегазад!»
Садойи тир ҳам баромад. Челсӣ бо вазни хеш чӯбдастро низ хобонд.
Тарғили базӯр нафас гирандаро кашола карда, оварда бар тори Челсийи хуншор хобонданд:
«Пирӯз Тарғил!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё