МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Аммо пули миёна кайҳо миёни талотум ғози мизон шуда буд.
Ё ҳамин зайл хапу дам шуда меравад ва ё ҷанг аз сар оташ мегирад...
11.06.07.
ХОНАРАВШАНКУНӢ
Тӯли чанд соъат калхурӯси монанд ба калхоти сафед, вале бо пару боли сиёҳсафед – мошубиринҷ ё кабудчатоб аз мурғонча то нами об омад, рӯшан нест. Соҳиб онро замоне дид, ки бар ду зонуйи хилофи зонуйи одамӣ пеш шикаста рӯйи замин нишаста, нӯл ба намзамин расонида, минқор меҷунбонд ё чу обкаш аз миёни хоки тар ташнашикан қатра кашиданӣ буд. Маълум, ки сахт ташна. Лек мадор ё зӯри обкашӣ надорад ва ё миёни хок обе нест. Аммо дуртар оби рӯйи хок дамида ҳаст, ки аз шӯълайи хуршед медурахшад. Ва дар паҳлӯйи рост ба андозайи ангушти сағир ҷӯяке об ҷамъ кардааст, ки ба сони ойина акси шуъо мегардонад. Валекин хурӯси шал, ки чун каси бепой думбамол равад, ҷуз вазъу ҳоли хеш, ташнагӣ ва дард чизеро эҳсос карда наметавонад ва чунин ҳолат ӯро ба дидани чизҳойи дур, ки барояш яксола роҳ метобад, имкон намедиҳад; аз нӯки нӯлаш дуртарро намебинад. Чун тифли ноҳолу нимҷон аз пистон шир кашиданист; зӯре надорад. Нами заминро мекашад; ба даҳан намеояд, ки сар бардошта ҳалқ тар кунад. (Соҳиб ёд овард, ки се шаборӯз бо хурӯси ҳамоя ҷанг кард; дигар ёд надорад, ки чӣ шуд...) Ба ҳар ҳол сар бардошт аз замин. Дар даҳонаш сардӣ ё намеро ҳис кард; сар бардошта ҳалқак зад, аммо нам то ҳалқ нарасида хушк шуд. Ҳайрону ноумед гашт, гирифтори дарди хеш шуд. Сукут варзид. Муҳитро медонист. Ҳама ҷойҳойи шинос. Лек ба атроф наменигарист. Соҳиби ба танайи дарахти ҷормағз такязадаро ҳам намедид. Як берӯзийи аз зиндагӣ умедкандаро мемонд. Дар борайи зисту ҳаёт ва Оламу одам на танҳо фикр намекард, дидан намехост. Шояд аз ин рӯ сар аз замин намебардошт.
Ба ҳар ҳол ҷунбид. Пойҳойи аз зону то панҷа ба замин дароз карда, ба рӯяш вазн андохтаро ҷунбонд; бардошта ё кашида наметавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё