МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ба пой нигарист: варамида, сарийи чоруқро дамонда, таранг карда буд. Нахуст андешид, ки сарийи фишорёфтаро аз боло бо фӯтайи миён сахт бандад ва бо зӯри пойи сиҳҳат қомат афрозад. Лек пойи шикаста, ки гармиаш гузашта, сармӣ мегирифт, безобита мекард; пой омоси гуписурат мегашт ва сарийи чоруқро дарронданӣ буд. Дард тоқатфарсо гашт.
Корд кашид аз ғилоф. Сарийи чоруқро рост чок кард; чунон ки неш ба тарбузи чарс зананд, ё пӯсти дамидайи молеро чок кунанд – неши корд рост байни пову сарӣ андохта теғ сӯйи берун дошт ва ронд – ҷаррӣ дарид чарм; пой гуппӣ гашт.
Лаҳзае ҳаво гирифт. Оне таскин ёфт мард. Боз дард хурӯҷ кард...
Пойтобаро кушод. Даст-даст кард пойро. Шикастааст; уреб шикастааст: «Дар мӯъҷизаҳот ҷонам!» Гирду пешро аз назар гузаронд. Як парохайи аз кадом замон боқимондаро дид, ки аз зарби табари ҳезумчие ин ҷо парида, чун ӯ ва аз гузашти айём, аз тобиши боду борон сиёҳ гашта ва реға-реға ковок шудаст; баробари ангушт дукорда карда, пеш кашидан пулакчаҳойи сиёҳ рехтанд. Дудаста қату рост карда дошташро санҷид ва ба қаду бари пояш андоза кард: «Як тарафашро мегирад... Чор дона лозим...» аз зеҳн гузаронд. Боз беху зеҳи сангҳоро аз назар гузаронд; чунин пароха ё чӯбу тарошайи бобро надид. «То ҳӯ он чолбурси бурида рафтан лозим... Дареғ...» Чӯбҳойи бодомча, хорча ё муша ҳастанд. Номувофиқ.
Ба ҳар ҳол фӯта густард. Пойтоба кушоду бар он паҳн кард. Тораш ҳамон пароха ва чанд чӯбчайи ғафсиаш ба пароха монандро паҳлуйи ҳам чид шиғвор ва пойи шикаста бар пойи сиҳҳат бор карда тори он овард; бо дастон дошта пойи чап аз зери пойи шикаста гирифт бо азоб ва онро бо дошти дастон бар шикастабандӣ савор кард. Лаб мегазид, то дарду азоб фурӯ барад. Аз зӯри дард ашк мешорид... Заҳрханда буд ё хандайи ҷонбаромад, ки дар андомаш ба ҷойи ҳолати гиря табассум ҳувайдо гашт: «Кори худаш...»
Лаби пойтобаро аз тарафи рост гардонида байнаш чӯбчаҳо чид шиғвор; бар пой низ чид ва лаби пойтоба аз рӯйи пой гузаронд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё