МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
ШИКАСТАПО
Пояш шикаст...
Ду линг ҳезуми бурсро пушти полони хар бо ҳазор машаққат рост кард ва зардакиҳойи дарзакардаро аз бари ёна гирифта сарвора гузоштанӣ буд, ки пояш лағзид; дар адири хушки сангчадор, ки одатан пойафзори бедандона мепартояд, лағзида ба дунба зад ва баробари зардакиҳойи пошхӯрда дар адири тез лағзиду ғелид; бутта, бурс ё дарахти хорчаву бодом набуд, то даст гирад ва андармон шавад. Чунон мерафт, ки яхбози аз по фитода рӯйи ях. Сонӣ аз сари шах парида ба варта рафт. Пойи чапаш ба санге бархӯрд. Чашмаш сиёҳӣ зад.
Дилаш ҳам гум зад. Дарди ҷонкоҳеро эҳсос кард. Вале худро гум накард. Дандон ба дандон монда, дарду алами тану пойро фурӯ мебурд. Гоҳе ки хестанӣ шуд, пай бурд, ки пояш шикастааст. «Ӯҳ!» гуфт, сонӣ «оббооо...» Ин ду ҳарф дарду алам ва таассуф олам-олам маънӣ дошт, ки ба феълу атвор ва матонати Ҳамроҳи Қодир созгор буд. Ва гӯйӣ ҳама бурду бохташ ба ҳамин ҳезум вобаста буд, ки бояд мебурд; ҳатто рӯзу рӯзиаш. Дареғ, ки... Ҷуссайи андаке аз замин ковок кардаашро бо эҳтиёт рӯйи сангчол бозмонд ва дуру дароз ба пойи шикаста, ки ҳоло андаруни мӯкӣ буд, нигарист: «Чӣ шуд?» Аз кӣ пурсид худаш донад. Ба дарди пой аҳамият надода, андешааш ба дуродур рафт; то фалак. Ҳамин қадар пурсиду хомӯш монд. Лаҳзае маъюс ҳам шуд, ки ин қадар ғаму азобу кулфат аз куҷост? Чаро озори гетӣ зиёду роҳате надорад? Вале зуд аз нияташ гашт. Зеро дар ин саройи пуросеб он қадар озору хорӣ дида буд, ки дасту пой шикастан роҳат ҳисоб меёф:
«Гардан нашиканад... Дил нашиканад...» Гардан тофта, сӯе, ки ғелидаву парида омада буд, нигарист. Баландийи шахро дида дил фурӯ рафт. Бори дигар ба зер бархӯрданаш аз пеши чашм гузашт; Гӯйӣ ӯ на, балки каси дигар мепариду ӯ тамошо дошт. Чизе нашикаст ё пора нашуд. Чунки миёни корҳо, озорҳо, тангдастиву сабру қаноъат дил рӯйин гашта буд; шиша набуд, ки ба ҳар чиз бархӯрда шиканад. Нигарист ба танайи кӯҳ: шаху баландийи онро диду харро на. «Хар истода бошад? Ё...» Чунин хавф ҳам буд, ки агар хар гурезад, бо пойи шикаста дар ин варта мемонад. Зеро ҳазор доду фарёд бикунӣ, ҷуз акси садойи хеш аз шахи Садо овозеро намешунавӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё