МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Сар бардошта зудтар харро диданӣ буд, ки чӣ ҳол дорад? Зеро зиндаву мурдааш бо ӯ пайванд буд. Ӯ на чорғов, балки сеғови кӯдакона дошт чаппарӯ. Бо машаққат нишеб мешуд. Лек нашуд. Дунба бар замин гузошт ва бо зӯри дастони дар ду паҳлӯ чакушвор доштааш хешро пеш мелағжонд ва пойи шикаста баланд аз замини ноҳамвор медошт, ки бо санге ё буттае рост меомад. Баробари ҳар силтави пеш рафтан пойи шикаста дард мекард ва ҷон ба лаб меовард...
Хар хест бо талвосайи зиёд ва ҳезуми пушторааш фитод.
Соҳиб як назар дид ва гумон кард, ки ҳамин замон мегурезад.
Ҷонвар низ дид, ки чизе мехазад миёни буттаҳову сангҳо.
Сайд пиндошта, гӯш сих кард ва ҳанг зад. Ӯ хаёл кард ҷонвар аз тарс мегурезад. Магар ҷонвар озору лати зиёд дида буд, ки сукут варзида аз ҷой намеҷунбид. Гӯё ба андеша рафта буд, ки соҳиб чигуна аз варта раҳо кунад. Ҳамроҳи Қодир сурфид, то хар шиносадаш ва нагурезад. Валек ҳама хаёл аз сар дур карда ба андеша рафт: «Кори худаш. Вай ҳам тамошобин. Вагарна хафа мешавад. Агар ҳамин хафагӣ набуд, дар гулӯйи мо ғамбода намедамид... Ғами дунё андаруни ғамбодайи гулӯйи мост...»
13.06.07. Амондара.
САРГИРАКИ ҲАМРАНГ
Занҳо мувофиқи синну солашон матоъи саргирак интихоб мекарданд. Матоъи саргираки зани Ҳамроҳу зани Усто Мухтор ҳамранг буд. Боре пешопеши Ҳамроҳбой зане мерафт.
Саргиракаш монанд ба саргираки занаш буд. Ӯ тез по партофт, ки занро дарёбад. Наздик шуда аз бари саргираки якшоха ба сар гирифтааш дошта, шӯхӣ кард:
– Чаққон шудайӣ кампир, базӯр расондам.
Зан рӯ наовард. Балки овози ношиносро шинохта, дод зад:
– Даҳанат заҳр гардад, беимон!
– Ба ту чӣ шуд, кампир?
– Кампират пеш-пешу худат аз қафо!
– Воҳ! Ҳазор тавба, янга! Саргираки дугонаатон ҳам ҳамин ранг. Гумон кардам, ки...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё