Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ҳе гумонат сарата хӯрад! Мардууум!!!
– Бало нахезонед, янга!
– Қаврата меканам! Ба усто гӯм, даруни лойи девор монда
андова мекунад.
– Ман худам мегӯм. Узр мепурсам, ки ман хаёли зани худам карда саргираки...
– Ҳе умедат хушк шавад! «Хаёли зани худам» нагуфта рав!
Беимон!
– Инту нагӯед! Усто медонанд, ки ман одами софдил.
– Усто пеш-пешу ту аз қафо! Мардуми олама ба сарат наорам, зани усто набошам!
– Аз бало ҳазар! Ман шуморо зани худам пиндоштам...
Тавба! Сад тавба! Янга, коре накунед, ки ҷанги ҷаҳонӣ хезад.
На ман мемонаму на шумову на усто...
– Чӣ ӣ ӣ???
13.06.07.

ГАРАВ
Нозирон як ҷавонписари парешонҳолу бегонанаморо мушоҳида доштанд, ки чу ватангумкарда саллона-саллона ва ғарибона, овораву сарсон; тарсӯву ларзон мегардад, лек касеро чизе намегӯяд ё аз касе чизе намепурсад. Мардум ва ё ободиву ҷӯшу хурӯши шаҳри Чоч ӯро эътиборе надорад. Хешро ангу сарзада вонамуд мекунад. Дар асл касеро меҷӯяд; яке аз шарикдарсонро, ки баҳс аз тайёрайи сарҳадшиканӣ карда, рост дар Майдони Сурх фуруд омада доштанд. Ҳолиё яке аз онҳоро чашмдор, то бинад, ки хонандайи синфи 5«в»
Ашӯръалӣ чун дар шаҳри тоҷиконро сайру гашт мамнӯъ, пой мепартояд. Пойпартойиаш чандон баҷуръатона набошад ҳам кибру ғурури ботинӣ дорад, ки сарҳадшиканӣ душворие надоштааст. Дар чунин ҳолат ӯро дастгир карданд, ҳама фикру хаёлҳо аз сараш парид; айби худаш: ангу гаранг намегашт, касе гумон намекард, ки ӯ бегона аст. Зеро афту башара, тарзи либоспӯшӣ, ҳатто тоқийи чоргулаш тоҷик ё ӯзбак будани ӯро муайян намекунад. Танҳо ангу гарангу манг буданаш ӯро дастгир кард. Аммо ба ҳама азобу шиканҷа тоқат овард; нагуфт, ки куҷойист ва чаро девонаавзоъ мегардад?

пешина
аз 344
навбатӣ