МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
ШАМШЕР
Шамшер хирманкӯб. Ман ҳамон Бобаки шабкӯр – райиси ҳосилот. Шабона рӯйи нагаф (харийи гандум) хоб меравам.
Дар поси аввал гандум чу реги равон паст мешорад. Чунин метобад, ки ман ҳамин замон мисоли як дона гандуми азим ҳамроҳи реги равон шорида даруни ҷувол меравам. То чунин ҳол рух назанад, месурфам. Зеро илоҷи дигаре нест; тоб хӯрда, паҳлӯ гашта наметавонам ё хештанро боло кашида аз селоб раҳо ёфтан амри муҳол аст. Мешорам бо сар сӯйи ҷувол. Чунон ки моҳисурат ба наҳр мерафта бошам. Дилам таҳ меравад. Зӯр зада ақаллан хаёлӣ худро боздоштанӣ мешавам, ки паст наравам. Зеро дар поён дунёйи гушна; ҳамаро чун наҳанг фурӯ мебарад. Ва ҳолиё бар тахти баландам; касе нахоҳад аз чунин тахти гарму нарм фурӯ равад. Воқеъан ҳам чунин тахтро шоҳи ҷаҳон надорад; дар чунин замони қаҳтӣ Юсуфи мисрӣ ҳам надорад. Кадом шоҳ хоҳад, ки чунин тахтро аз даст диҳад...
– Райис-бобо!
– Лаббай!
– Кабудро об дода биём?
– Майлат бачам! – Ба Шамшер рухсат медиҳам. Ва то бозгашти садойи суми Кабуд гургони олам мағзи сару диламро талаву тороҷ мекунанд. «Худоё – Худовандо, гушнагонатро сер гардон!»
Дашту саҳро ва ҳама ҷо хомӯши хомӯш; ҳатто фалаки ситорарез. Ман роз мегӯям бо онҳо. Вале ҷуз гуруснагийи халойиқ сухане афзуда наметавонам. Ба назарам ҳамин гуруснагӣ барҳам хӯрад, шаб ҳам мисли рӯз равшан мегардад.
Садойи суми аспро шаб хӯрд. Он ҳам гурусна ҳамонанди мардум. Аммо сариру нолайи гӯшхароши чирчираку зиллайи ташнаву аз гармо шикоятгар боло мешавад. Ва ман ин ҳамаро ношунида гирифта то он авҷи барин бо ситорагон роз мегӯям ва хаёл мекунам, ки ҳамин замон хурӯси сапед аз қабати чаҳоруми Осмон бонг мезанад ба пешвози Офтоб. Пештар аз хурӯс некӣ талаб мекунам: «Худоё-худовандо! Гушнагонатро сер гардон!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё