Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Садойи бозгашти Кабуд мебарояд ва ман хешро ба хоб мезанам. Дери дер орому бесадо мегузарад вақт.
Садойи Шамшер шишайи хомӯшиву миёни чашмони нимхобу нимбедори маро мешиканад:
– Райисбобо, Кабудро ба об барам?
– Кабудро бигӯй инсоф кунад. Худат Шамшери гузаро бошӣ ҳам, Кабуд дар як шаборӯз як бор об хӯрад, кифоя!

МУНДА
Шамшер рӯзона дар пеш тори полони хар кӯзайи мунда мебараду меорад. Андар даҳони шикастагардани кӯза қайроқсанге печида бо латта гузоштааст. Латта аз сари чашмайи зери ҷар сӯйи хирман тар меравад; сӯйи чашма хушк меояд. Чун сӯйи чашма меояд, ӯ сари роҳ ба хонааш медарояд. Зеро аз хирман дар он кӯза гандум меорад, аз чашма об мебарад.
Бобак ин ҳамаро мебинаду медонад, аммо ҳарфро зиёд намекунад. Фақат як бор гуфт: «Бенавоёнро фаромӯш накун!»
Боре Шамшер бекӯзаву беоб баргашт. Тори сари хар кафидаву хуншор буд. Бобак пиндошт аз кирдори ӯ огоҳ гашта, гуруснагон тороҷаш кардаанд. Гуфт: «На. Хари обсар аз сояйи халачӯб рамида ҷувозак гашт. Ба сараш задам, ки сар бардораду бозистад, хоб рафту ғел зад бар нармхок. Кӯза аз дастам фитоду ба санге бархӯрда шикаст...»
Бобак оҳ кашид. Шамшер пиндошт Бобак ба ғами кӯза оҳ кашид. Гуфт:
– Ғам махӯр райис, навашро меорам.
– На ғам. Шукр мекунам, ки кӯза шикаст! Вагарна бо чунин обкашийи ту дунё зери об мемонд...

МУРДАШӮ
Райиси кумитайи иҷроияйи шаҳр Мӯсо Икром марди дилобхӯру хушкор ва корбудгари идора Бобакро сари субҳ ба наздаш даъват карда фармуд: «Аробайи мурдакаш дар ихтиёрат. Дар куҷое мурда дидӣ, бор карда бурда ба хок месупорӣ...»
Аз «Дарвозайи Бухор», аз паҳлӯйи мадрасайи Олим Додхоҳ се ҷасади бесоҳиб; аз нишебийи таги бозор як лошайи пирмарди пӯсту устухонро ёфта, бо мададу ёрийи аробакашу ёрмандон шуста, суфи ҳукумат додаро кафан карда, Сарманзил бурда, ба хок супориданд.

пешина
аз 344
навбатӣ