Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бобакро касб шуд ин кор ва медонист, ки дар масҷиду чойхонаҳо ё мусофирхонаҳо касе мурад, дар ҷойҳойи муайян бароварда мемонданд; баъзан хабар ҳам мерасониданд. Ба таъаннӣ дарёфт, ки чӣ касон чунин мемиранд: нодорҳо, бесоҳибҳо, омадаҳо, бенавоҳо ва гуруснаҳо... Гарчӣ вазнин буду дилгир Бобак «баҳри савоб»
хешро тасаллӣ медод.
Бобак рӯзе ҷанозайи занеро пайдо кард аз паси масҷиди ҷомеъ. Сиёҳгашта буду лоғар. Аз рӯйи қиёфаву андом ва рангу ҷусса ӯро ба гузари Вашанӣ бурд, ки шояд шиносе пайдо гардад. Чун касе нашинохту дигаре ба гардан нагирифт, аз занҳойи гузар хоҳиш кард майитаро шӯянд. Боз касе ба гардан нагирифт; гӯйӣ ҳазар карданд. Бобак музтар монд. Ба зориву тавалло даромад; музди ғассолӣ пешниҳод кард, покшӯе пайдо нашуд. Бобак ба ҳазор кӯчайи хаёл рафт; шахсияти занро муайян карданӣ шуд, натавонист. Касе нашинохт мурдаро. На некиаш рӯшан буд ва на бадиаш. Расму русум, таъомул, уболу савоб, равову нораво, маҳраму номаҳрамро ёд овард. Даст сӯйи Осмон бардошту зорӣ кард. Оби дида рехт; муҳиту айём, замони ҷанги хонумонсӯзро арза дошт, ки Худованд бехабар бошад аз ин ҳама...
... ва баъд рухсату ривоят хост ва фатво низ: «Аз ношуста ба хоки поку муқаддас супоридан, хоҳар хонда, худат шуста, гӯронӣ, равотар ва авлотар бувад...»
Ончунон кард: дасту рӯй бишуст. Чашмон бо фӯтайи хеш баст. Дастпӯшак ба даст кашид. Рӯйи тахта об рехт; шусту дар суф печонд ва миёни шоли ҳамапеч гирифта бар ароба гузошт... Дар гӯр ниҳод ҳамчу бародар...
Аз он баъд гунгу кару кӯр шуд. Мегурехт аз одамон; бавижа аз занон.
Аспу аробаро то назди бинойи комиҷроия бурда, лигом дар шохи дарахти бед баст ва назди райис ҳам надаромада, ғайб зад. Чунон ғайб зад, ки то қиёмат касе ӯро нахоҳад дид.
17.06.07. Амондара

пешина
аз 344
навбатӣ