МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
САЙЁДИ НАВКОР
Сайёди навкор чодар медошт; чодари чаҳоргӯшайи аз кандири сафед сохта, ки ду чашм дошт, чун айнак ба чашми сайёд менишаст. Инчунин парҳойи рангайи паррандагон ва латтапораҳойи тӯморшакл дошт, ки дар замини чодар андармон дӯхта буданд. Пару латтаҳо аз вазиши бод ва ҳавойи гашти сайёд ларзиш хӯрда, диққати кабкчӯҷаҳоро мекашиданд; онҳо ид мепиндоштанд, ки дар тирамоҳон гулу сабза рӯйидааст ва пеш меомаданд. Рӯёрӯйи чодар ду села кабкчӯҷаҳо қатор кашида шиқ-шиқкунон – суруди идона хонда пеш меомаданд, то ба сабзаву гулҳо нӯл зананд. Сайёди навомӯз бори нахуст чунин пеш омадани ду селаро медид ва даступо хӯрда намедонист ба кадоме села тир кушояд. Хеле нигарон истод. Мили камонро аз чашми рости чодар гузаронд. Ба ин раддаву ба он радда қаровулак рост кард ва биандешид, ки раддайи ростро занад, раддайи чап озод парида меравад ва баракс сафи чапро тир занад, сафи рост парида меравад. Ба хулосае наомада, таваккул кард: миёни ду села замини хушкро нишон гирифт. Кулангро пахш кард. Камонро суст дошта будааст, ки пошна дод ва китфаш лат хӯрд. Садойи тир баромаду чанги замин аз миёни ду села кабк. Кабкон баробар ба ҳаво хестанд ва беосебу зиён болафшон шуданд: «Ғичунғичууннн!!»
Лек ба гӯши сайёди навкор чунин расид: «Камон сарозер бигир!»
НОДИДА
Волиро дар ноҳияҳойи тобеъи вилоят чунон пазиройӣ карданд, ки яку якбора хешро аз осмон афтида пиндошт.
Шодбошиҳо такрор бошад ҳам – ин ҳарфҳоро ҳазор бор ба дигарон гуфта бошанд ҳам, волиро нав буд; зеро нав ба унвони ӯ мегуфтанд. Рӯйи дасту забон то осмонҳо мебардоштанд.
Дар зиёфатҳо гулрухон чунон рақсу нозу карашма мекарданд, ки... Бо нигоҳашон мехӯрданд волиро: «Биё, ки чашми каҷу зулфи сурмасо инҷост...» Бо нозу адо ва карашма сӯйи хеш мехонданд: «Карашма домани дил мекашад, ки ҷо инҷост...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё