МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Тамаъу талабашон рӯйирост буд ва онро волийи зирак хуб мефаҳмид: «Биё, ки Зебунисо ҳамчу ман гадо ин ҷост...»
Волӣ тавонист ҳамин қадар баҳо диҳад: «Бечора...»
ҶАНГИ МАЙНАВУ ЗОҒ
Майна пиндорад, ки зоғ хурад чӯҷаашро; зоғ пиндорад, ки майна барад бачаашро.
Онҳо аз субҳ то шом ҷанги ҳавойӣ мекунанд. Чӯҷаву баччаҳо аз гуруснагӣ мемиранд.
АЗ БАЛО ҲАЗАР
Карам умед кашида ба дари ҳамдиёрие омад:
– Амак, маро шинохтед?
– Не.
– Домоди калонийи Лох. Ҷӯраатон Лох. Келини хурдийи ҳамон кас дар бемористони Қарияйи Боло...
– Фаҳмо. Писари кӣ шумо?
– Писари Мукаррам... Номам Карам...
– Хӯш?
– Келини ҷӯраатонро духтур оварда будам. Духтурӣ набудааст дардаш. Пеши табиб бурдам. Панҷсад доллар мегӯяд.
Пул тамом шуд...
– Пули ман ҳам...
– Неее!!! Доллар омадос. Дар роҳ. То омадани доллар... То се рӯза мерасад.
– Хайр, сабр кунед!
– Ман сабр мекунам-куя, табиб...
– Росташро гӯям, ман пул надорам. То понсад доллар ҷамъ карда ба шумо қарзи бебозгашт медиҳам, ки на бемор мемонаду на табиб.
– Қарзи бебозгашт не...
– Ин хел бошад, сабр кунед, қарзҳойи додаам бозгашт кунанд...
– Неее!!! Шумо мана нафаҳмидед. Пул дар роҳ...
– Пули роҳ наздиктар аз доллари нопайдойи ман.
18.06.07.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё